Канзи шифо: “Пастернак” — хеши сабзӣ ва душмани беморӣ

“Пастернак”-ро хеши дури сабзӣ меноманд. Решаи он хусусиятҳои зиёди табобатӣ дошта, барои табобати сулфа ниҳоят муфид аст.

“Пастернак” девораҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам мекунад, иштиҳоро кушода месозад ва ба муқобили беқувватию бемадорӣ мубориза бурда, ба кас нерӯи тоза ато менамояд, ғайр аз ин, намакро аз гурдаҳо мебарорад.

Мардуми инглис дар тамоми идҳояшон хӯрокҳои шоҳона тайёр мекунанд, ба хӯришҳо илова менамоянд, бо гӯшту картошка зирбонда, аз он “дисерт” тайёр мекунанд ё хушк карда, дар фасли зимистон онро истифода мебаранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.