Чоркуҳ

Келин ғулом аст ё хизматгор? Ё наворе, ки Тоҷикистонро ба ларза овард

Ҳафтаи равон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки хушдомане келинашро навор гирифта, ӯро барои бе иҷозат хӯрдани пораи нон истинтоқ мекунад. Ин навор боиси сар задани сарусадоҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд…

Ҳамчунин, дар ин навор хушдоман келинро маҷбур мекунад, ки дигар ба аҳли оила, шавҳараш ноҳурматӣ накунад ва ин ҳолатро ба падараш хабар накашад. Келин ҳам ин суханонро чун бандӣ такрор мекунад.

Ин навор баҳсу ҷанҷолҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Гуруҳе мегӯянд, ки ин нишонаи ҳоло ҳам ба келин чун ғулом ва ё хизматгор муносибат кардан дар оилаи шавҳар аст ва гуруҳи дигар ин муносибатро аз сатҳи пасти маърифат ва надоштани дониши казоии аҳолӣ медонанд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ хабар дод, ки ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара рух додааст. Кормандони ин ниҳод дар шаҳри Исфара ба хонаи ин оила рафта, бо хушдоману шавҳар ва келини ин хона суҳбати инфиродӣ анҷом дода, сабаби муносибати нангини хушдоманро муайян намудаанд. Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки ин муносибат чист.  

Аъзои Шӯрои занони шаҳри Исфара ҳодисаи нангини дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи арӯсу хушдоманро сахт маҳкум карда, сабаби рух додани чунин ҳодисаро дар “ҷаҳолату маърифати пасти хушдомани золим, косташавии арзиши оила, аз надонистани фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ, риоя накардани оддитарин одоби муошират ва эҳтироми аъзои оила байни бархе аз оилаҳо” донистанд.

Зайнаб Ҳусейнова – журналист ва фаъоли шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо навиштаи “Барои хоҳаре, ки буридаи нонеро пинҳонӣ аз хушдоман хӯрдаву ба ҳамин муҳри дуздиро ба ӯ задаанд… Дар замонае, ки сериву пурист. Баъд мо мегӯем келинҳо худкушӣ мекунанд… Барот сахт ғамгин шудам” ба занони ҷавони тоҷик ва махсус ба келине, ки хушдоман ба ӯ чунин муносибатро раво дид, муроҷиати видеоӣ намудааст. Аз ҷумла, “дилам барот реш аст. Туи зебо арзиши тамоми хушбахтиҳоро дорӣ! Шарм надор, дил махӯр, ранҷ макаш, хоҳари зебо! Ту болотар аз ҳамаи ин зиндагӣ ҳастӣ! Пеши ин гуна ноодамҳо барои буридаи ноне сар хам макун! Сар боло кун! Пеши ин гуна одамҳо барои буридаи ноне бо тарс ҳарф мазан…! Лаҳзае худамро ба ҷои ту гузоштам. Вазнин аст, сахт аст бардоштани ин ҳама ранҷу дард… Ту зани фарзанди ҳамон ваҳшӣ ҳастӣ! Ту ғулом нестӣ. Ту модари набераи ҳамон ваҳшӣ ҳастӣ! Ту келини хонадони ҳамон ваҳшӣ ҳастӣ! Ҳарфҳои ӯро такрор накун! Ту ғулом нестӣ, ту фаришта ҳастӣ! Аҳсанат, хоҳари гулам” мегӯяду гиря мекунад.

Мақомоти интизомии кишвар хабар медиҳанд, ки нисбат ба хушдомане, ки келинашро таҳқир кардаву паст задааст, дар Исфара парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ӯро мутобиқи моддаи 931-и Кодекси маъмурӣ – “Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” гунаҳгор донистаанд, ки вобаста ба ин модда шахсро аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоиро чунин ҷазои сабук ба ҳайрат овард. Воқеан, барои таҳқири як инсон, шаъну шарафи ӯ, ғуломдорӣ ва фишору зӯроварӣ 128 сомонӣ ҷарима пардохтан магар ҷазо аст? Оё ин ҷарима дили хушдомани золимро нарм мекунад? Оё бо ҳамин ҷарима вазъи зиндагии келин хуб мешавад? Инҳо суолҳое ҳастанд, ки бояд масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар посух гӯянд…

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *