Кирми рӯда. Чор роҳи осони раҳоӣ аз он

Писарчаи панҷсолаам кирми рӯда дошт. Чанд маротиба табобат кардем, вале кирмҳо боз пайдо шуданд. Акнун кирм ба духтарчаам ҳам гузаштааст. Мегӯянд, ки кирм ақли кӯдакро заиф ва зеҳнашро кунд менамояд. Илтимос, ягон роҳи аз кирмҳо халос шуданро бигӯед.

ЗУЛФИЯ, шаҳри Душанбе

ПОСУХ:

— Мутаассифона, шумо нагуфтаед, ки фарзандонатон кадом намуди кирмро доранд. Табобат бо дарназардошти намуди кирм ба роҳ монда шавад, натиҷаи беҳтар медиҳад. Ба ҳар сурат, ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳем, ки барои тамоми намудҳои кирм ба қавле «аҷал» ҳастанд.

Якум. Муддати даҳ рӯз ҳар саҳар пеш аз субҳона ба ҳар як фарзандатон як қошуқи калон тухми каду ва 1-2 дона сир диҳед. Пас аз як соат ба кӯдакон доруи исҳоловар додан лозим аст, то кирмҳои мурда резанд.

Дуюм. Лимӯ кирмкуш аст. Ҳар рӯз як дона лимӯро бо пӯсташ аз турбтарошак гузаронед ва ба зарфе гирифта, аз болояш каме обу як қошуқ асал андохта, монед то шаб истад. Шабона, пеш аз хоб ин даворо ба бачаҳоятон диҳед.

Сеюм. Садбарги куҳӣ, ки рангаш сафед буда, бӯйи муаттар дорад, барои аз кирмҳо халос шудан давои беҳтарин аст. Як қошуқ барги гули садбаргро дар зарфе андохта, аз болояш 100 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва монед як соат истад. Ба кӯдакон рӯзе 3-4 маротиба ин гулобро бинӯшонед, ҷонашон аз кирмҳо халос мешавад. Чорум. Барги шафтолуро кӯфта, оби онро ба пахтаи тоза гирифта, аз қафо ба мақъади кӯдак гузоред, аз хорише, ки бо сабаби кирм сар мезанад, раҳоӣ хоҳад ёфт. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.