КҲФ

Кумаки Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ба имдодгарони КҲФ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода байни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот баргузор гардид.

Бино ба иттилои КҲФ, барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ — курсиҳои эвакуатсия, прожекторҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолиятҳои зериобӣ ва расанҳои наҷот супурда шудаанд.

— Санади таҳвил ва қабули таҷҳизот аз ҷониби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Наваб Алӣ Хон имзо шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин таҷҳизот барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби имдодагрон истифода хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *