Кумаки Мастчоҳ ба Куҳистони Мастчоҳ баъди заминларза

Бо ташаббуси раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода кумаки мардуми ноҳия ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ расонида шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ, кумакҳо аз 18 тонна маҳсулоти сохтмонӣ ва озуқаворӣ, аз ҷумла 6 тонна семент, 300 дона шифер, 4 кубометр чӯбу тахта, 500 кг биринҷ, 600 литр равған, беш аз 300 кг макарон, 500 кг сабзӣ ва 500 кг пиёз иборат мебошанд. Барои расонидани кумакҳо ба минтақаи осебдидаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ муовинони раиси ноҳияи Мастчоҳ вазифадор гардидаанд.

— Таъкид шуд, ки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ зодгоҳи бобоӣ ва аслу насаби мардуми Мастчоҳ буда, аҳолии ноҳия бо мардуми куҳистон пайванди ногусастанӣ доранд. Дар ин рӯзҳои сахту пурмусибат, ки дар пайи харобкориҳои заминларзаи шаби 23-юми март баъзе манзилҳои истиқоматӣ ва оғилхонаҳои сокинон осеб дидаанд, мардуми Мастчоҳ наметавонанд худро дар канор гиранд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мардуми Мастчоҳ омодаанд ба ҳамдиёрони худ дасти ёрию кумак дароз намоянд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар ин кори хайр соҳибкорон, ходимони дин, масҷидҳои ҷомеъ ва ашхоси саховатпешаву хайрхоҳи ноҳия саҳм гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *