Мансабдори бисёр ба кӣ даркор?

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 20-уми декабри соли 2022 дар паёми солонааш ба ҳарду палатаи парлумон гуфт, ки дар ин кишвар ислоҳоти сохтории ҳукумат ба роҳ андохта шуда, шумораи вазорату идораҳои давлатӣ беш аз 2 маротиба ва шумораи мансабдорон то 30% кам карда хоҳад шуд.

“Ман ба фармони ислоҳоти сохторӣ имзо кардам. Шумораи вазорату идораҳо аз 61 то ба 28 адад пойин бурда шуда, шумораи мансабдорони давлатӣ низ давра ба давра 25-30% кам карда мешавад”,- изҳор дошт Мирзиёев. Ӯ афзуд, салоҳиятҳо байни вазорату идораҳои давлатӣ тавре тақсим карда мешаванд, ки “кори якдигарро такрор накунанд”.

Мирзиёев гуфт, ки дар ҷараёни ин ислоҳот даҳҳо тан аз вазирон мансабҳои худро аз даст медиҳанд. “Танҳо онҳое дар мансаб мемонанд, ки соҳаи худро ба таври ақим медонанд, содиқона кор мекунанд ва аз пуштибонии халқ бархӯрдоранд“,- таъкид кард президенти Ӯзбекистон.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни ислоҳот ба сарвазир салоҳиятҳои бештар дода мешавад ва вазирон аз ин ба баъд метавонанд бисёре аз масоилро мустақиман бо сарвазир ҳаллу фасл кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *