Туркманистон

Мансабдори Туркманистон дар Душанбе. Ӯро Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифт

Нимаи дуюми дирӯз муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифтааст.

Дар чаҳорчӯби сафар роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Туркманистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, музокироти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *