Марҳилаи ба истиқлоли комили энергетикӣ расидани Тоҷикистон наздик аст

Дар тӯли асри бист орзуи бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар дили пиру барнои водии Зарафшон ҷой гирифта буд. Инак, иҷрои ин муроди деринтизор оғоз ёфт.

2 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвари кишвари дӯст муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Дар ин маросими ботантана Сарварони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Ӯзбекистон ва дар маҳали сохтмони нерӯгоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок карданд.

Дар ин рӯзҳо мутахассисони ҳар ду ҷониб асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва корҳои дигарро ба анҷом мерасонанд.

Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯӣ-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.

Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.

Ин нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт, ки мутахассисони ҳарду кишвари дӯст бунёд мекунанд, дар оянда ба рушду шукуфоии бештари кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

НБО «Ёвон» нахустин тарҳи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи энергетика аст. Он бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини амнияти энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Чуноне ки маълум аст, ҳанӯз моҳи августи соли 2018 аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳбарони ҳарду давлат дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар қисмати тоҷикистонии дарёи Зарафшон изҳори назар карда буданд.

Ҳамчунин, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2020 ба мувофиқа расиданд, ки имкони бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯди Фондарё, арзиши тахминиаш 270 миллион доллар, бо иқтидори 135 МВт ва тавлиди 500-600 миллион кВт/соат нерӯи барқро баррасӣ хоҳанд кард.

Тобистони соли 2021 Алишер Султонов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта буд: «Барои сохтмони нерӯгоҳҳо Ҷамъияти Саҳҳомии Муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст. Ин нерӯгоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард».

Ҳамзамон бо ин, зикр гардида буд, ки «ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои таҳияшудае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалии бонкҳои бузург гузаштаанд».

Ба гуфти мутахассисон, бо иқтидори лоиҳавӣ нерӯи барқ истеҳсол кардани нерӯгоҳ, пеш аз ҳама ба баландии сарбанд ва ҳаҷми  оби дарёи Зарафшон вобаста аст.

Тоҷикистон, ки дорои сарватҳои зиёди табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои бузурги об аст, имконият дорад, барқи арзонтарин ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда, истеҳсолоти кишвар, ҳамчунин,  мамлакатҳои дигарро таъмин намояд.

Зимнан, тадқиқотчиёни экспедитсияҳои Русияи подшоҳӣ дар охири садаи ҳаждаҳум ва ибтидои садаи нуздаҳум зимни таҳқиқи захираҳои оби кӯҳсори ҳавзаи Зарафшон пешниҳод карда буданд, ки бо мақсади бештар захира кардани об дар дараҳои кӯҳӣ обанборҳо бунёд кардан зарур аст. Он замон ин пешниҳод моҳияти бо оби полезию нӯшокӣ хубтар таъмин кардани маҳалҳои ахолинишини водиро дошт. Агар он вақт ин хулосаи илмӣ амалӣ мегардид, шояд обанборҳо дар рӯзҳои мо барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ имконияти беҳтарин мебуданд. Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ бошад, барои ёфтани манбаъҳои обӣ ҷиҳати  бунёди нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон омӯзишҳо гузаронида шуданд.

Масалан, солҳои ҳафтодуми асри гузашта роҳбарияти Ҷумҳурии Шӯравии Ӯзбекистон нияти бунёди НБО дар рӯди Зарафшонро дошт. Огоҳмандон ҳикоят мекунанд, ки он солҳо Котиби Якуми КМ ПК Узбекистон Шароф Рашидов ба таври ғайрирасмӣ, бо чархбол ба мавзеи Дупулаи Панҷакент омада, дарёбоди бузурги болои пулро барои бунёди неругоҳ ва обанбори начандон калон пазируфта буд. Аммо қисмати баъдии ин ҳусни ният барои ҷомеаи ҳарду кишвар номаълум ва махфӣ боқӣ монд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, вале ҷанги шаҳрвандӣ сар заду нақшаи сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯди Вахш-НБО Роғун мавқуф гузошта шуд. Сармоягузорон рафтанд, мутахассисон корро тарк карданд. Бадхоҳон овоза паҳн намуданд, ки Тоҷикистон акнун дар танҳоӣ аз ӯҳдаи сохтмони ин неругоҳ ва нерӯгоҳҳои дигар баромада наметавонад.

Соли 1992 бахти мардуми мо баландӣ карду фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Аз ин ба баъд дар партави роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ба шарофати сиёсати муваффақи давлатсозии Пешвои муаззами миллат мардуми кишвар ба корҳои бузурги созандагию ободонӣ оғоз намуданд. Сарвари давлат бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва ояндаи дурахшони фарзандон мардуми шарифи Тоҷикистонро ба харидани саҳмияҳои НБО-и Роғун, «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» даъват намуданд, ки он аз тарафи ҳамагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.

Хушбахтона, мақсадҳо ва ҷахду талошҳои ватандӯстонаи Асосгузори суху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обиро рӯйи кор оварданд: сохтмони нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, НБО Шӯроб дар болои дарёи Вахш ва НБО Санобод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанде дигар иншооти энергетикӣ бо меҳнати самаровари ҳамдиёрони мо ва кишварҳои дӯст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Баъдан Истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон эълон карда шуд. Раванди босуръати имрӯзаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ баёнгари возеҳу воқеии расидан ба ин мақсади наҷиб аст.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон нахустин давлати қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки баъди пош хӯрдани ин Иттиход нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд кард.

Дар оғози асри бисту як, баъди анҷоми корҳои тадқиқотӣ майдони сохтмони нерӯгоҳи нав дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба нақша гирифта шуд. Мутахассисону лоиҳакашон барои бунёди сарбанди нерӯгоҳ мавзеи муносибтари дарёи Зарафшон- тангно дар ҳудуди деҳаи Ёвонро интихоб карданд. Пешниҳод ба Ҳукумати кишвар писанд омад ва мардум ин иқдомро бо шодмонию миннатдорӣ пазируфтанд.

Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Ёвон яке аз муҳимтарин тадбирҳоест, ки имрӯз ба омили иттиҳод ва ҳамбастагии рӯзафзуни мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон табдил ёфтааст. Он номуси ватандорӣ ва имрӯзу ояндаи халқҳои тоҷику ӯзбек аст. Ҷонибдорӣ ва рӯҳбаландии бузурги мардум аз ин иқдоми бузург гувоҳ бар он аст, ки нерӯгоҳи Ёвон шаҳру ноҳияҳои минтақаи зарафшонии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро ба нуристони ҳақиқӣ табдил медиҳад.

Нерӯгоҳи Ёвон манбаъи нур ва хазинаи беназири кишвари азизи мо хоҳад шуд. Он ба кори мӯътадил ва бонизоми коргоҳҳои саноатӣ, бунёди коргоҳҳои нав ва фароҳам омадани садҳо ҷойи корӣ мусоидат карда, ба тараққии истеҳсолот, дар умум рушду инкишофи иқтисодиёти ду кишвар ва хеле баланд шудани сатҳи зиндагиии мардми тоҷику ӯзбек, дарёфти заминаҳои нави рушд сабаб мегардад.

Умед мекунем дере нагузашта чархаи нахустини Нерӯгоҳи барқи обии Ёвон ба гардиш меояд ва ба коргоҳҳо нерую тавони нав, ба хонадони мардум равшаниву гармӣ мебахшад. Барои ҳар яки мо расидан ба он санаи муборак рӯзи хушбахтиву шодмониҳои беҳадду канор хоҳад буд.

Нерӯгоҳ минбаъд дӯстию ҳамбастагии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро боз ҳам қавӣ ва шуҳратёр хоҳад кард.

Нерӯгоҳ бо азми дурусту саъйи комил, кӯшишҳои бедареғу родмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷаноби Олӣ  Шавкат Мирзиёев ба корзори нангу номуси тоҷикистониёну ӯзбекистониён мубаддал мегардад ва сохтмонаш вусъати тоза пайдо мекунад.

Афсона ба ҳақиқат табдил меёбад.

Тавре аз ривоятҳо медонем, пайдоиши ҷашни Наврӯз ҳам достонест, ки аз нуру равшанӣ ҳикоят мекунад. Нахустин рӯзи моҳи Ҳамал ниёгони мо диданд, ки фурӯғи офтоб ба тахти зарини шоҳ Ҷамшед фуруд омад ва пиндоштанд, ки он рӯз гӯиё дар рӯйи замин офтоби дигаре дурахшон шудааст. Ин манзараи нурборонро диданд ва гуфтанд, ки имрӯз Рӯзи нав аст. Он рӯзро ёддошт карданд ва солиёни пасин гиромӣ доштанд. Ҳамин гуна, ҷашни фаррухи Наврӯз дар ҷаҳон расм шуду пойдор монд ва далелаш ҳамоно нур буд.

Инак, баъди ҳазорсолаҳо дар Тоҷикистон фурӯғистонҳои хурду бузурге бунёд мешаванд, ки ба ҳар як хонадон, ба ошёни ҳамсоягон, ба кишварҳои дигар нур мефиристанд. Ин дастовардҳои таърихӣ аз воқеияти Наврӯз ҳеҷ камие надоранд. Агар дар замонаи шоҳ Ҷамшед мардум рӯзона шоҳиди пирӯзии нур шуда буданд, имрӯз мо соҳиби Кохҳои Нуре шудаем ва хоҳем шуд, ки шабҳоямонро ба чароғистон табдил медиҳанд.

Месазад, ки аз ин ба баъд ҳамасола ҷашни дигаре бо номи рамзии «Рӯзи обу рӯшноӣ» низ таҷлил карда шавад. Ин ном, ки аз ҳикмати машҳури қавми тоҷик бармеояд ва бархоста аз ташаббусҳои олии Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати об дар ҷаҳон аст,  ифодагари он хоҳад буд, ки об дороии адонашавандаи Тоҷикистон аст ва диёри мо барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, барои осоишу саодати мардуми кишварҳои минтақа беҳтарин имкониятҳоро дорад. Ин ҷашн нақшу иродаи Пешвои миллати моро дар раванди «Иқтисодиёти сабз» бузург арзёбӣ мекунад.

Умед ва бовар дорем, ки ба шарофати ин нерӯгоҳҳо камбуди барқ ба фаромӯшхонаи таърих меравад ва Тоҷикистони озоду азиз метавонад, на танҳо шаҳру деҳаҳои мо, балки давлатҳои дуру наздикро ҳам бо барқи арзон таъмин намояд.

Ҳамаи ин кору нақшаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки марҳилаи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва ба кишвари бузурги содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани Тоҷикистон наздик аст.

Ёвон! Андар ситоиши ин шоҳкор дар оянда басо шеъру достонҳо навишта хоҳанд шуд, китобҳо нашр мешаванд, филмҳо таҳия мегарданд. Ва ҳамаи ин офаридаҳо як ҳикматро ба наслҳо бозгӯ мекунанд: дар ҷаҳони имрӯз бузургтар аз дӯстию ҳамбастагии халқҳо сарвате нест. Ва хеле хуб фармуда бузургони мо, ки зӯри мушт дар даҳ ангушт аст! Оре, Ёвон тимсоли ваҳдату якдилию ҳамбастагии мардуми кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Бо ҳидоятҳои Сарони ду кишвари ҳамтақдиру  ҳамфарҳанг даст ба бунёдкорӣ задем ва нерӯи бозуву хиради ҳазорон ману мо дар як ҷо ҷамъ омад: Ёвон!

Ёвон меҳвари андеша, иқболи баланд ва қомуси номуси дӯстону бародарони ба ҷон баробари тоҷику ӯзбек аст!

Рӯди Зарафшон, ки файзи чашмасорони моро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мебарад, дар оянда бо паёми равшаниву гармӣ вориди кошонаҳои дӯстонамон хоҳад шуд.

Равшанистонат муборак, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон!

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *