Маърифати исломӣ: Қатъ кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ

Бемор дорем. Ҳуҷайраҳои мағзи сараш аз кор мондаанд. Ягон табобате барои ин ҳолат нест ва ӯ аз тариқи дастгоҳе нафас мекашад. Оё қатъ кардани дастгоҳ ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки агар дастгоҳ аз ӯ қатъ карда шавад, нафаскашӣ қатъ мегардаду бемор мемирад.

СИҶОУДДИН, шаҳри Душанбе

Посух: — Агар ҳолат он гуна бошад, ки дар савол баён шуд, пас монеае нест, ки дастгоҳи нафасдиҳӣ аз ӯ қатъ карда шавад, ба шарте ки ду табиб ё бештар ба хулоса оянд, ки ӯ дар ҳукми мурда аст. Вале баъд аз қатъ намудани дастгоҳ бояд якчанд муддати муносибе интизор шуд, то марги ӯ исбот гардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.