Маърифати исломӣ: Чаро сураи “Тавба” бе бисмиллоҳ аст?
Дар Қуръон сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” омадааст. Мехоҳам сабабашро бидонам.
Раҳима ЛОЛАЕВА, шаҳри Роғун
Посух:
— “Бисмиллоҳ” надоштани сураи “Тавба” ду сабаб дорад. Яке дар он аст, ки ин сура дар асл идомаи сураи “Анфол” аст ва чунонки маълум аст, “Бисмиллоҳ” на дар васати сура, балки дар оғози сура навишта мешавад. Сабаби дуюм бошад, ин аст, ки он бо ояти азоб шуруъ шудааст.
Мазмуни “Бисмиллоҳ” маънои тараҳҳумро ифода мекунад, аз ин сабаб муносиб нест, ки он пеш аз ояти азоб зикр карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ