Маърифати исломӣ: Намоз ба ҷойи падару модар

Падару модарам кормандони ҳизбӣ буданд ва дар вақти зиндагиашон намоз намехонданд. Чун талаботи ҳукумати Шӯравӣ талаб мекард, ки кормандони ҳизб бе дин бошанд. Ман ҳамчун фарзанд ҳақ дорам, ки ба ҷойи падару модарам намозҳои қазоӣ хонда, ба арвоҳашон бубахшам?

ИСМОИЛ, шаҳри Душанбе

Посух:

Ба ҷойи падару модар намозҳои тарккардаи эшонро гузоридани шумо дуруст нест, зеро аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ибодат кардан ба ҷои каси дигар ҷоиз намебошад.

Шумо, агар намози нофила хонда, савоби онро дар ҳаққи падаратон бубахшед, равост.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.