Машварати ҳуқуқӣ: Барои хатои ҷарроҳ кӣ ҷавобгар аст?

Амакам бемор шуду ӯро ба духтур бурдем. Гуфтанд, ки бояд гурдаашро ҷарроҳӣ кунем. Вақте ҷарроҳӣ карданду аз беморхона ҷавоб доданд, рӯз ба рӯз ҳолаташ вазнин шудан гирифт. Вақте дубора ба назди табибон бурдем, аз мо хоҳиш карданд, ки ба суд муроҷиат накунем, ҳамаашро ҳал мекунанд. Аммо маблағи зиёд талаб карданд ва мо ҳам ба хотири саломатии амакам пулро додем. Дар ҳолати ба хатоӣ роҳ додани ҷарроҳ бояд маблағи ҷарроҳиро кӣ пардохт кунад, духтурони хатокор ё пайвандони бемор?

— Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 36-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кумаки тиббию санитарӣ дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Аз саволи додашуда маълум нест, ки ҷарроҳӣ дар муассисаи тиббии хусусӣ ва ё давлатӣ гузаронида шудааст. Муассисаи тиббии хусусӣ ва муассисаи тиббии давлатӣ, ки худмаблағгузор аст, хизматрасониҳояшон пулакӣ мебошад ва нархномаи тасдиқшуда оид ба хизматрасониҳои тиббӣ доранд ва маблағ дар хазинаи муассисаи тиббӣ пардохт карда мешавад. Барои ҳар як амали ҷарроҳӣ маблағи алоҳида пардохт карда мешавад. Дар ҳолати хатои ҷарроҳ волидони бемор дубора маблағ пардохт намекунанд.     

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.