“МегаФон Life” ҷои USSD-дархостҳоро мегирад

Муштариёнро дигар зарур намеояд, ки ба таври дастӣ комбинатсияҳои рақамиро барои фаҳмидани тавозуни телефон ё бақияи дақиқаҳову трафики тарофа ба хотир гирифта, рақамчинӣ кунанд. Воридшавӣ ба замимаи “МегаФон Life” аллакай кофист. USSD-дархостҳое, ки аллакай нодаркор шудаанд, тадриҷан дар гузашта мемонанд.

Ҳанӯз якчанд сол пеш USSD-дархостҳо воситаи маъмулии дастраскунии маълумот дар бораи ҳолати суратҳисоби муштарии оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба шумор мерафтанд. Акнун бошад, маҳз ҳамон иттилоот дар шакли боз ҳам қулайтар дар замимаи мобилии “МегаФон Life” дастрас мебошад. Ҳамин тариқ, комбинатсияи *100# имкон медод, ки тавозуни худ фаҳмида шавад. Ҳоло ин маълумотест, ки муштарӣ онро ҳангоми кушодани замима дар саҳифаи ибтидоӣ мебинад.

Дақиқ кардани ҳаҷми боқимондаи дақиқаҳо ва трафики интернети баста ҳамчунин дар саҳифаи асосии замима имконпазир аст. Қаблан барои ин рақамчинии USSD-дархости *104# зарур меомад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотро дар бораи рақаме, ки охирин бор ба он даъват анҷом дода шуд, метавон дар қисми “Боз ҳам”-и замимаи “МегаФон Life” – дар банди “Тафсилот” ба даст овард. Маълумотро дар бораи пардохти охирин метавон аз қисми “Таърих” гирифт. Рамз барои дастраскунии маълумот оид ба тарофаи ҷорӣ зарур нест. Тамоми маълумот дар қисми “Тарофаи ман”-и замима ҷамъоварӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, “МегаФон Life” имкон медиҳад, ки тавозун пур карда шуда, дастрасии нисбатан босуръат ба маҳсулоту хизматрасониҳои нав таъмин карда шавад. Масалан, дар қисми “Орзу”-и замима метавон қарз гирифт, дар қисми дигаре метавон тарофаи “Биё! Бисоз”-ро, ки дар доираи он муштарӣ худ таркиби тарофа ва нархи бастаи хизматрасониҳоро бо ёрии калкулятор пешбинӣ менамояд, пайваст намуд.

Замимаи оператор бо интерфейси содда ва фаҳмо фарқ мекунад. Бандҳое, ки дар байни муштариён нисбатан серистифода мебошанд — “Тарофаи ман”, “Ҳамён”, “Таърих”, “QR пардохт” ва инчунин маълумот дар бораи тавозун, бақияи дақиқаҳо ва трафик дар саҳифаи асосӣ ҷойгир мебошанд. Замима пайваста нав карда шуда, функсионали он дар реҷаи нон-стоп васеъ мегардад. Ҳармоҳа мутахассисони ширкат то ду релизи замимаро таҳия мекунанд. Ба шарофати ин ба истифодабарандагони “МегаФон Life” ҳамаи хизматрасониҳою тарофаҳои нави оператор дастрас мебошанд.

Замимаро метавон дар AppStore, Google Play ва Huawei App Gallery боргирӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *