Муҳаммадҷон Қосимов. Чаро оромгоҳи аввалин Артисти халқии СССР хароб аст?

Ҳамроҳи дӯстам Маҳмудзода Суханвар дар арафаи Рӯзи театр ба оромгоҳи шаҳри Душанбе рафтем. Дар қабристони мазкур даҳҳо ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимон, нависандаву шоирон, ҳунармандон ва дигар ашхоси барҷастаи тоҷик ба хок супурда шудаанд.

Баъди дуову фотиҳа дар ҳақи бузургон, диққати моро оромгоҳи аввалин Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Муҳаммадҷон Қосимов ба худ ҷалб кард. Оромгоҳи ин ҳунарманди нотакрор дар ҳоли харобӣ қарор дошт. Партовҳо ва алафҳои бегонаи зиёде намуди зоҳирии мақбараро зишт карда буданд. Аз дидани чунин ҳолат чашмонам пур аз ашк гашт. Борҳо омада, оромгоҳи устодони илми тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Муҳаммадҷон Қосимов ва дигаронро зиёрат карда ва аз партовҳо тоза намудаам. Ин даъфа низ атрофи оромгоҳро то ҳадди имкон тамиз кардам.

Муҳаммадҷон Қосимов дар рушду нумӯи театру кинои тоҷик саҳми беназир дорад. Кору пайкори эшонро метавон офарину таҳсин гуфт.

Агар ба гузаштаи Муҳаммадҷон Қосимов рӯ орем, як ҷаҳон ишқу садоқат, шафқату шуҷоат нисбат ба ҳунарро мебинем. Дар ҳунари бозигарӣ кам ҳунармандро дар радифи М. Қосимов мегузорем. Маҳз ҳамин ишқу алоқа буд, ки ӯ шуруъ аз хурдсолӣ то охирин лаҳзаи ҳаёташ хешро дар оғӯши театру кино вогузошт.

Номбурда на танҳо дар ҳунарнамоии рӯи саҳна, балки бо коргардониву эҷоди асарҳои баландмазмун ва ҷовидонааш дар таърихи театру кинои тоҷик ҳамчун ҳунарманди ҳирфаӣ ҳамто надошт.

Қосимов, пеш аз ҳама, дар иҷрои нақшҳои калони драмавию фоҷиавӣ дар театр комёб шудааст. Образҳои офаридаи ӯ барҷастаю бошукуҳ баромада, дар айни ҳол сиришти поки инсонӣ доштанд. Мавсуф бо ду ордени Ленин (1941,1957), ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1949, 1954), Медали «Барои меҳнати фидокорона дар солҳои ҶБВ» (1946) ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Албатта, барои нафаре, ки дар поягузории аввалин театри касбии тоҷик кӯшидааст, ҳамаи ин арҷгузориҳо арзанда мебошанд.

Боиси нигаронӣ ва таассуфи зиёд аст, ки имрӯзҳо турбати ин марди ҳунар аз назари тамоми пайравону шогирдон ва бахусус мақомоти дахлдор дур мондааст. Мутаассифона, мо мисраи «Аз дил биравад, ҳар он кӣ аз дида бирафт»-ро шиор карда, хизматҳои барои рушди кинои тоҷик кардаи ин ҳунарвари нотакроро фаромӯш кардаем…

Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *