Донишманд ва муҳаққиқи соҳибназар

Ба муносибати мавлуди қиблагоҳам Муҳаммад Абдураҳмон  ва 40 соли фаъолияти илмию пажуҳишии ӯ

Пеш аз ҳама, мо фарзандон аз Худованди бузург шукргузор ва миннатпазирем, ки дар ҳаётамон чунин такягҳои некномро бароямон ато намудааст.

Қиблагоҳамон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар ҳаёт ба мо фарзандон беҳтарин неъмат ва арзишҳои инсонӣ ба монанди вақт, ғамхорӣ, инсондӯстӣ, накукорӣ, хирадсолорӣ, донишу матонат ва муҳаббати худро эҳдо намудааст.

Ҳама он заҳмат ва корҳои воқеие, ки падарҷон барои ба воя расидан ва тарбияи дурусти мо фарзандон сарф карданд, намунаи ибрату пайравӣ буда, ин ҳама заҳматҳои уро мо ҳамеша қадр ва эҳтиром менамоем.

Падар дар зиндагӣ хеле марди ҳалим, сахтгир, ҷиддӣ ва дӯсти ҳақиқӣ мебошанд.

Ӯ  ягона дӯсти мушфиқ ва роҳнамои зиндагии мо ҳастанд, ки мо ҳамеша ба ӯ такя ва пайравӣ менамоем.

Мо ифтихор дорем, ки чунин падари накумарду тавоно, донишманд, соҳибхирад, соҳибмактаб ва ҷасуру далер дорем.

Қиблагоҳам Муҳаммад Абдураҳмон барои мо фарзандон идеали зиндагиамон мебошад.

Аз хурдӣ то ҳол ҳар куҷое, ки наравам, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, нафаре, ки агар падарамро шиносад, ҳатман ба некӣ  ёд мекунад ва як саргузаште ё воқеаеро дар бораи падарам нақл мекунад. Якеро дар коре кӯмак намудаанд, мушкилии дигареро осон карданд, сеюминро аз ҷангҷол халосу пуштибонӣ намуданд ва чорумин бошад, саргузашти ҷолиберо ёдоварӣ мекунад, ки ин ҳама бароям писанд ва мояи ифтихор мост.

 Дар тули 40 соли фаъолияти илмию таҳқиқотӣ қиблагоҳам Муҳаммад Абдураҳмон худро ҳамун инсони ҳалиму хоксор, хирадманд, омӯзгори сахтгир,  сарсупрдаи миллат, накумарди замон, олими давр, сухансозу суханоро, ориф, файласуф, сиёсатшиноси шинохта, муҳаррири варзида, паҳлавон, афсар, ходими давлатии намоён,  худшиносу худогоҳи давр ва муҳаққиқи сермаҳсул муаррифӣ намуда, эҳтирому эътирофи ҷамъиятро касб намуданд. 

Таҳлили китобу монография ва мақолаҳои илмии таълифнамудаи қиблагоҳам дар 40 соли фаъолияти илмию таҳқиқотиашон нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо ба масоили инсон, ҷомеа, давлат, миллат, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият, идеологияи миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти миллӣ, санъати суханварӣ, сиёсат, низоъшиносӣ ва дигар масъалаҳои калидӣ бахшида шудаанд, ки маҳз ба рушди илми ватанӣ ва давлатсозии миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудаанд.

Баъзе аз китобҳои навиштаи устод Муҳаммад Абдураҳмон ба ҷоизаҳои баланди илмии давлатӣ сазовор дониста шуданд.

Бояд қайд намуд, ки маҳз озодандешӣ, истиқлоли фикрӣ ва равшанфикрии устод Муҳаммад Абдураҳмон аст, ки дар сухансозиву суханварӣ бесобиқа буда, асолати навишатаҳои ӯ хонандаро ба худ ҷалб месозад.

Масалан, устод дар китоби худ таҳти унвони “Риторика ва баҳси сиёсӣ” чунин менависад: “Нахустин устоди ҳунари суханварӣ на Афлотуну Арасту, балки модар аст, ки сухани ширину рӯҳнавозаш ба зеҳну тафаккури мо бунёди худшиносирро гузошта, дунёи хаёли моро зебову рангин менамояд”. 

Сабку забони навишт ва суханронронии устод фасеҳ, равшан ва оммафаҳм буда, ҳар касе ки китоби ӯро мутолиа мекунад ё баромадашро тариқи оинаи нилгун тамошо мекунад, хондан ва ё тамошои онро бо хоҳиши том идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки на ҳама аз услуби навишти бадеии устод Муҳаммад Абдураҳмон бархурдор аст. Ин услуби навишти устод хусусияти аҷибе дорад, ки метавонад хонандаро хушнуд созад, дили сангинро нарм,  дили касро реш-реш намояд ва ё инсон беихтиёр ашк резад. 

Услуби навишти бадеии устод хеле пурмуҳтаво ва хонданибоб аст. Агарчи падарам нависанда набошанд ҳам, вале дар бадеият низ парвози хаёли баланд доранд. Ҳар касе, ки ба ин услуби навишти устод ошноӣ дошта бошад, ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд.

Масалан, ҳар нафаре ки “Модарнома”-и Муҳаммад Абдураҳмонро хонда бошад, беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешавад, зеро равиши тасвири хоси устод дар бадеият хонандаро ба худ мафтун месозад.

Ман ҳам як хонандаи асил ва мухлиси китобу мақолаҳои падарам, аз ҷумла навиштаҳои бадеии ӯ ҳастам ва чанд соли охир аст, ки  аз қиблагоҳам дархосту хоҳиш дорам, ки бо ин услуби беназири бадеии худ ҷиҳати инъкоси саргузашти зиндагиамон барои мо фарзандон як китобе бо номи “Ёддошти зиндагӣ”-ро нависанд ва посухаи падарамон ба ин дархост доимо чунин аст: “Агар Худо хоҳад навбати навиштани ин китоб ҳам мерасад”.

Ба даргоҳи Худованади мутаол дуо мекунам, ки  ба падари азизу бузургворам умри дарози пурбаракат ва саломатии бардавом насиб гардонад, то ин ки ин орзуи мо фарзандонро амалӣ намояд.

Дар охир метавон дастовардҳои 40 соли фаъолияти илмию таҳқиқотии устод Муҳаммад Абдураҳмонро ба таври зайл  хулосагирӣ намуд:

  1. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
  2. Сазовори унвони дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ.
  3. Омода намудани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, аз ҷумла 7 доктори илм ва  33 номзади илм.
  4. Таълифи беш аз 40 китобу монографияҳои илмӣ барои рушди илми ватанӣ ва давлатсозии миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол.
  5. Касб намудани эътирофи ҷамъиятӣ дар доираи илмии дохил ва хориҷи кишвар.
  6. Соҳибмактаб гаштанд, аз ҷумла мактаби илмӣ, мактаби роҳбарӣ, мактаби варзишӣ ва мактаби ҷавонмардӣ;
  7. Сазовар гардидан ба мукофотҳои баланди соҳавию давлатӣ, аз ҷумлаи ҷоизиҳои илмии ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба илм ва техника,  М. Осимӣ ва мукофоти давлатии Хизмати шоиста.
  8. Ишғол намудни мансабҳои илмию давлатии роҳбарӣ, аз ҷумла декани факултети фалсафа, ректори донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, сардори раёсати Шурои амнияти ҶТ, директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ; ноиби президети АМИТ то соли 2024.
  9.  Ҳамчун яке аз чеҳраҳои илмию сиёсии кишвар соҳиби эҳтирому эътироф гардид.

        

Аз фурсати муносиб истифода намуда, падари азизу роҳнамои зиндагиамонро ба муносибати рӯзи мавлуд самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, умри дарози пурбаракат, ризқи фароз ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем. 

 

Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон,

д.и.с. профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *