ҳавопаймои чехӣ

Муаррифии ҳавопаймои чехии “L410 NG” дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ҳавопаймои чехии “L410 NG” муаррифӣ гардид. Ин ҳавопаймо барои то 20 нафар мусофир ва хатсайрҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. 

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои “L-410 NG” аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиро дорад.

Дар муаррифӣ намояндагони “LET Aircraft Industries” оид ба имконияти техникии ҳавопаймо маълумот дода, намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шудаанд.

Қаблан як ҳайати Ширкати “Сомон Эйр” аз корхонаи “LET Aircraft Industries”-и Чехия боздид намуда буданд. Мақсади сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои “L410 NG” ва ҳамчунин, баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *