Муллозуҳур Тоҳирӣ: Иқтидори маро истифода баред!

Хабар расид, ки табиби машҳури тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ дар талоши ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши тиби халқӣ ва таъсиси Академияи тиби мардумӣ дар назди Ассотсиатсияи тиби халқии Ҷумуҳурии Тоҷикистон аст. Дар як суҳбат мо ин ва дигар масоили марбут ба соҳаи тандурустиро пеш гузоштем.

— Муҳтарам Муллозуҳур Тоҳирӣ, тавре медонем, шумо нафаре ҳастед, ки пайваста баҳри амалисозии иқдомҳои мухталиф мекӯшед. Аммо аввал бигӯед, ки тақдири Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони чанд сол пеш таъсисдодаатон чӣ шуд?

— Ин иттифоқро мо соли 2018 таъсис додем, ки ҳоло зиёда аз 100 узв дорад. Аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Македония низ бахшҳои иттифоқ фаъолият доранд. Шиори мо “Сулҳ дар тамоми ҷаҳон, солимӣ, дарозумрӣ, ҳифзи табиат ва дӯстии байни халқҳо” мебошад.

— Ҳоло ки нияти ташкили курсҳои омӯзиши тиби халқиро доред, ин тасмимро пурра таҳлилу ояндабинӣ кардаед?

— Мо қаблан ҳам курсҳои кӯтоҳмуддати тиби халқиро таъсис дода будем, вале чанд муддат аз сабаби сафарҳои ман ба хориҷи кишвар ин курсҳо тамдид карда шуданд.  Албатта. Мо база дорем, базае, ки одамон ҳам омада истироҳат кунанд, ҳам омӯзанд ва ҳам саломатияшонро барқарор созанду рафта дигаронро омӯзонанду солим гардонанд.  

Ҳоло бист курси мушаххасро пешбинӣ кардаем, ки дар бораи баъзеи онҳо маълумот медиҳам:

Гиёҳдармонӣ. То имрӯз мо 7 конгресси байналхалқӣ оид ба гиёҳдармонӣ гузаронидем, ки олимон аз кишварҳои гуногун иштирок карда, мубодилаи афкор намудаанд. Материалҳои конгрессро, ки 1500 саҳифаро ташкил медиҳанд, дар шакли китоб омода кардем.

Сӯзандармонӣ. Вақте маҷлиси Академияи тиббии СҲШ дар Москва гузашт, онҷо ман пешниҳод кардам, ки духтурҳо бояд 5-10 рӯз курси сӯзандармонӣ гузаранд. Зеро, ҳар як ихтисосманд дар баробари гирифтану мондан ва коркард намудани сӯзан бояд анотомияву физиологияро хуб донад, чунки имрӯз аллакай дар саҳифаҳои интернетӣ барои табобати сӯзандармонӣ нақшаҳо ҳаст. Масалан нақшаи фишорбаландӣ ё қисматҳои системаи асаб, ки бояд дар кадом нуқтаҳо мондани сӯзанҳоро донӣ.

Мусиқидармонӣ. Табобат бо мусиқӣ низ муҳим аст. Як боби кори илмии ман табобат бо мусиқӣ буд. Ҳозир зиёда аз дусад чиптаҳои табобатӣ дорам, ки масалан дар ҳолати фишорбаландӣ бояд кадом мусиқиро монем, барои руҳафтодагӣ, барои дардро нест кардан, барои одамро ба ҳаяҷон овардан… Вақте чунин табобат ҷорӣ мегардад, солимии мардуми мо хубтар мешавад. Ниёз ба дору камтар мегардад.

Ҳозир мо дар арафаи барномасозӣ ҳастем ва дар ин кор ба мо мусиқишинос Аслиддин Низомов кӯмак мекунанд. Бо Зебо Аминзода низ суҳбат кардем, дар хусуси он, ки чӣ хел рақс зери таъсири мусиқӣ дигаргунӣ меорад ба организм.

Бӯйдармонӣ. Тавассути бӯй бисёр беморонро табобат мекунанд.

Ғизодармонӣ. Масалан ман шахсан ба Русия назди як духтур рафтам. Қариб як соат зиёдтар бо ман суҳбат карда, нақшаи хӯрокхӯриамро кашида дод, ки бояд кадом хӯрокҳоро хӯрам, то бе ягон дору хуб шавам.

Маҳсдармонӣ. Ин навъи табобат ба ҳама маълум аст.  

Табобати мануалӣ. Усули устухонҳоро ҷо ба ҷо кардан аст. Ман чанд шогирд дорам дар ин самт. Масалан, Бахтиёр Шоҳев ҳозир чандин маркази худашро кушодааст.

Ёга-нафасдармонӣ. Масалан, се маротиба ман худам ба Санкт-Петербург ва Ҳиндустон ба курсҳои табобат бо нафас ва ёга рафтам, ки ҳозир дар барномаамон ҳамонро меомӯзонем.

Шаҳватдармонӣ. Сабаби баъзе бемориҳо нодурустии муносибатҳои шаҳвонӣ аст. Инро бояд духтурон ба одамон фаҳмонанд. Дар ин сурат ҷудошавии оилаҳо кам мешавад, оилаҳо мустаҳкам мешаванд, якдигарфаҳмӣ мешавад.

Ҳиҷомадармонӣ. Дар натиҷаи хун гирифтан дардҳо кам мешаванд, иммунитет баланд мешавад. Барои ин, технологияашро бояд донем.

Обдармонӣ. Доруи рақами як об аст. Об набошад, ҳаёт нест. Одам бе об зиндагӣ карда наметавонад.

Парвариши гиёҳҳои шифобахш. Бояд ба киштукор ва парвариши гиёҳҳо машғул шавем, то аз байн нараванд.

Зимнан, бояд бигӯям, ки ба ман Саидмурод Давлатов занг зад, суҳбат доштем. Як бахши дигар ҳам ташкил карданием бо номи “Солимӣ ва пул”. Бояд омӯхт, ки бо пул солимиро пеш бурда мешавад ё не?

Баҳри таълиму омӯзиши шунавандагон қариб барои ҳамаи ихтисосҳои банақшагирифта ман адабиёти лозимиро дорам.  

— Баъди ин ҳама гуфтаҳои шумо чӣ зарурат мемонад ба истифодаи маҳсулоти фармасевтӣ? Агар зарурат бошад, назаратон вобаста ба сифати доруҳое, ки аҳолии мо истифода мебаранд, чӣ гуна аст?

— Инҷо виҷдон даркор. Вақте ки тренингҳо мегузаронему савияи дониши мардум баланд мешавад, дигар ҳар чизи нолозимро намехаранд. Вақте нахариданд, бозори истеҳсолгар касод мешаваду дигар доруро намебарорад.

— Шумо ҳам доруву малҳамҳои зиёд ихтироъ кардаед. Як замоне малҳами “Тарангин”-атон машҳур шуд. Ҳатто бархе оҳанги онро ба ҳазлу шӯхӣ бурданд…

— Саводнокии мардуми мо паст аст. Ҳатто дар Маркази бақайдгирии доруҳо ба ман гуфтанд, ки “рафта аз Кумитаи забон ва истилоҳот қоғаз биёред”. Ин тамоман чизи дигар аст. Таранг, яъне кашиш хӯрдани мушакҳо, таранг шудан. Масалан ҳамин “Тарангин”-е, ки ман истеҳсол кардам, фақат барои масъалаҳои ҷинсӣ нест. Барои ожангҳои рӯй низ ҳаст. Беҳтарин малҳам аст, вале мардум ба маънои нодуруст тасаввур мекунанд. Инро мо ба қайд гирифтаву бароварда истодаем.

Ман то имрӯз 17 номгӯй чой ва гиёҳҳову доруҳоро ихтироъ кардаам, ки аз он ҷумла 4-тояш дар Русия истеҳсол шуда истодааст.

Барои ба қайд гирифтани доруҳои ихтироъшуда маблағҳои зиёд лозиманд, ки ман маблағи калон надорам. Ба тамоми соҳибкорони Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки “биёед, бо ман партнёр шавед”. Ман бо оддитарин чизҳо мардумамонро табобат мекунам. Аз он ҷумла, чор сол шуд, ки атола ихтироъ кардаам. Онро барои мизоҷони худам дастӣ тайёр карда медиҳам. 15-20 сомонӣ давоми даҳ рӯз ҳамон кашаро мехӯред. Ҳозир мераведу як доруро мехаред 100 ё 200 сомонӣ, таъсир намекунад. Ин каша чӣ дорад дарунаш? Орди ҷуворимакка, сабӯси гандумӣ, зағир. Одмоне, ки масалан санги гурда доранд, буғумдарданд, саломатиашонро барқарор мекунанд. Ман ҳаминро пешниҳод кардам. Гуфтанд, ки “ба қарибӣ як заводи орд мешавад, мо ҳаминро пешниҳод мекунем”. Бо вазири саноат Шералӣ Кабир ҳам суҳбат доштам ва гуфтам, ки “иқтидори маро истифода баред”. Барои солимгардонии халқ методҳои оддитаринро истифода бурдан мумкин аст ва мардуми мо солим мемонанд.

— Масалан, бо гипноз ҳам метавонем одамонро табобат кунем?

— Агар табиб системаи гипнозро надонад, одамро мекушад, зеро коди нодуруст мемонад. Ман ба шумо як мисол меорам. Ду сол пеш дар Хуҷанд назди ман як бемор омад. Гуфт, ки “ман як сол пеш дар қабули як табиб будам. Маро гуфт, ки баъди як сол ҷинӣ мешавӣ”. Ҳамон шабу рӯз бо нишонаҳои ҷинигӣ назди ман омад. Яъне, код мондаанд. Барои ҳамин, ба баъзе табибони халқӣ иҷозат нест, ки фолбинӣ кунанду код монанд.   

Солҳои қабл  “Хонаи пионерҳо” буд. Ман вақте ки сардухтур будам, ҳар ҳафта як рӯз ҳамонҷо рафта, гипноз мегузаронидам ва 400 кас иштирок мекарданд. Бо таъсири сухан одамон шифо меёфтанд. Сеансҳои гипнозе, ки ман аввалин маротиба тариқи телевизион гузаронида будам, дар саҳифаҳои интернетӣ (Youtube — Доктор Тоҳирӣ) ҳастанд. Бовариву ихлос асоси табобат аст.  

Вақте ман дар шаҳри Ленинград соли 1982 мехондам, муаллиме, ки ба мо дарс медод, гуруҳи 30-нафараи моро гипноз кард. Ба кафи дасти ҷавонписаре тангаи панҷтинаро монду гуфт, ки ин тафсондагӣ аст. Дар асл, танга хунук буд. Аммо баъди 15 дақиқа кафи дасти ҷавон обила кард (яъне сӯхт). Бо таъсири сухан ҳарорат пайдо шуд.

— Оид ба табобатшаванда будани саратон дар суҳбате зикр кардаед, аммо шарҳи бештар нест…

— Ҳама бемориҳо табобатшавандаанд. Ҳамин саратонро кӣ якум бор ихтироъ кардааст? Вақте код мондӣ, ки табобатнашаванда аст, зершуури одам ҳамонро қабул мекунад. Агар гӯӣ, ки “мемирӣ”, мемурад. Як сухан метавонад таъсир расонад. Вақте ки саратон гуфту шумо руҳафтода шудед, ҳатман мемурад одам. Вақте “Саратон табобатшаванда аст” (“Рак излечим”) гуфта, китоб навиштам, ҳазорҳо одамон ташаккур гуфтанд.

— Осоишгоҳи “Доктор Тоҳирӣ”, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, зиёд тавсифу тарғиб мешавад. Барои пешбурди фаъолияти он аз ҷониби ноҳия ягон кумак мерасад?

— Се сол пеш Ширин Амонзода, вақте муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ буданд, 40 нафар аз ширкатҳои сайёҳиро оварданд. Ман як рӯз онҳоро омӯзонидам. Онҳо пешниҳод карданд, ки ҳамонҷо Маркази байналмилалии сайёҳӣ ташкил кунем. Лекин имрӯз аз тарафи ноҳия ва ниҳоди туризми ҷумҳурӣ ягон ҳамкорӣ ва дастгирӣ нест.

Мусоҳиб: Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.