Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш дар Ню-Йорк

Дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023” дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз си сол сипарӣ шуд ва мо ба таҳкими муносибатҳо бо он пайваста аҳаммияти хосса медиҳем.

«Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон низ таъкид гардидаст. Гуфта шудааст, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд ва ба ин мақсад кишвари мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *