Нахустин Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»

Имрӯз, 2-юми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев нахустин Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори анҷуман сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Авзал, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои  муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳотамзода Сайдаҳтам Саидмукарам, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Душанбе Латипова Гулпарӣ ва 1000 нафар «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия” иштирок доштанд.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 3000 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ фаъолият мекунанд.

Тибқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2020-2025 ҳамкории мақомоти милисия бо ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди милисия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, робитаю ҳамкории зич бо аҳолӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар намудани шаҳрвандон, аз ҷумла, дружиначиёни ихтиёрӣ самаранок ташкил карда шудааст. Чунончи, бо мақсади тақвият бахшидаии фаъолият дар ин самт дар давоми соли 2022 сардорони Ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Раёсат, ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавии милитсия 126 маротиба бо аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳоро баргузор намудаанд.

“Дар давоми соли 2022 дар пойтахт зимни хизматбарӣ бо ёрии дружиначиёни ихтиёрӣ 127 ҷиноят муайян ва ошкор карда шудааст. Инчунин, аз ҷониби нозирони минтақавӣ бо ёрии бевоситаи дружиначиёни ихтиёрӣ 9112 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст»,- гуфт Ҳамидзода Бароталӣ.

Дар ҷараёни Анҷуман бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тӯйи домодии «Корманди ғайриштати милитсия” Негматов Бахтовар, ки ҷавони фаъолу пешқадам ба шумор меравад, гузаронида шуда, дар вазъияти тантанавӣ маросими ақди никоҳ доир карда шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сардорони Ситод ва «Дружиначиёни ихтиёрии милитсия”-и шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории чорабиниҳо бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *