Нархҳои дандоншикан: Масъулин “истеҳсол зиёд шуд” мегӯянд. Омор воқеист ё дар рӯйи коғаз?

Як сӯ гармӣ, як сӯ қимматӣ, як сӯ ҳаннотӣ… Яке паси сар шуд, дуи дигар побарҷоянд. Инак, чандест, ки на танҳо дар манотиқи кишвар, ҳатто дар бозорҳои пойтахт нархи маҳсулот, бахусус меваҷоту сабзавот қиммат аст. Майли болоравӣ ҳасту поён не! Харидорон гила аз он доранд, ки масъулин аз истеҳсоли зиёд хабар медиҳанд, вале нарх рӯз аз рӯз гаронтар мешавад. Мо ҳолати воқеии нархи меваҷот ва дигар маҳсулотро дар бозори “Меҳргон”-и пойтахт пайгирӣ намудем.

Дидему шунидем…

Баробари ба бозор дохил шудан, аллакай шикояти харидорон дар даромадгоҳ ба гӯш расид. “Мана, дар 300 сомонӣ чӣ қадар харид кардам”,- зане ишора ба пакете мекард, ки назди он истода буд.

Дар дохили бозор бошад, вақте нархҳоро бо чашм дидаву бо гӯш мешунавед, лол мегардед: як тарбуз 35-50 сомонӣ, харбуза 30-50 сомонӣ, 1 кг помидор 10-12 сомонӣ, 1 кг ангур 25 сомонӣ, 1 кг гӯшт бо иловаи равған 60-70 сомонӣ, 1 кг пиёз 7-8 сомонӣ. Ин рӯйхатро метавон идома дод. Мардум ноилоҷанд, қудрат ба тавон маҳсулоти ниёзро ба таври кофӣ гирифта истодаанд. Аммо як ҳолат моро дар ҳайрат гузошт. Вақте ки аз назди растаи гӯштфурӯшӣ мегузаштем, гӯё мӯд шудааст, ки ба гӯшт равған илова карда мефурӯшанд. Агар гӯшт 70 сомонӣ бошад, килограмми равған 30 сомонӣ аст, бо ин мақсад мехоҳанд ҷойи пӯсту каллаю почаи молро аз ин ҳисоб пур кунанд. Ана, инсоф! Пеш, агар бо 50 сомонӣ тарбузу ангуру помидор харид карда мерафтед, ҳозир маҷбур бо як тарбуз аз бозор берун меравед.

Нигоҳе ба омор

Тибқи нишондоди Вазорати кишоварзии кишвар, дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,2% афзудааст.

Тарбуз ва харбуза 283 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 7,6% аз соли гузашта зиёд мебошад, вале нархи он 50% гаронтар шудааст. Масалан, агар соли гузашта 1 кг тарбуз ба 3 сомонӣ баробар буд, ҳоло ба 6 сомонӣ расидааст. Ангур низ чунин аст. Истеҳсол 11752 тонна, афзоиш ба 11,2% мерасад. Болоравии нархи он бошад, ба 50% расидааст.

Дар ин баробар истеҳсоли пиёз ба 408669 тонна ва помидор ба 147414 тонна расидааст, ки нисбат ба соли гузашта бештар истеҳсол шудааст.

Ба гуфтаи Саъдӣ Каримзода — вазири кишоварзии мамлакат, сабабҳои асосии болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ афзоиши хароҷот барои парвариши онҳо, яъне хароҷоти сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ мебошад.

Барнома бояд дошт

Ҳар сол дар ҷумҳурӣ нархи ин ё он навъи маҳсулот боло меравад,  соли дигар мебинем, ки таваҷҷуҳи деҳқонон ба ҳамон маҳсулот мешавад, то аз он фоидае ба даст оранд. Вале дар натиҷа на нархи бозор поён мешавад, балки норасоии дигар навъи маҳсулот ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, маъсулинро зарур аст, ки баҳри беҳтар намудани вазъияти мазкур татбиқи барномаҳоеро ба назар гиранд, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ соле дар чанд гектар замин чӣ навъи маҳсулот кишт карда шавад. Агар кишти маҳсулот равиши тавозунӣ нагирад, ин ҳолат мушкилоти зиёдро ба бор хоҳад овард.

Идибеки САИД

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.