Нархи чиптаи ҳавопаймоии масири Русия ва Тоҷикистон гарон шуд

Пас аз расонаӣ шудани фармони Владимир Путин — президенти русия оид ба қисман сафарбар намудани ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия нархи чиптаи ҳавопаймоӣ ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ғайричашмдошт боло рафт.

Рӯзи 22-юми сентябр дар саҳифаи онлайнии aviasales.tj чипта тариқи ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар масири Маскав-Душанбе 101 ҳазору 755 рубл (зиёда аз 17 ҳазор сомонӣ) арзиш дошт.

Нархи чиптаи ҳавопаймоӣ на танҳо дар масири Маскав ва Душанбе, балки аз дигар шаҳрҳои Русия низ боло рафтааст. Ин дар ҳолест, ки аз самти Тоҷикистон ба Русия нархҳо бетағйир боқӣ мондаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.