Наврӯз Ҷаъфаров: Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим аҳамияти махсус дорад

17-уми феврал дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе оид ба татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” ҳамоиш баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз доштааст, ки “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” барои таъмини шароити солимии аҳолӣ аҳамияти махсусро доро мебошад.

Инчунин, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова зикр намудааст, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимияти амалисозии ташвиқот оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ давра ба давра ба раванди таъмини тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди он марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояту минтақаҳо фаъолият менамоянд. Бо мақсади боз ҳам бештар густариш додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа зарурати омўзонидани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ), аз ҷумла кормандони тамоми вазорату идораҳо ба миён меояд. Таҷрибаи амалигардонии барномаи қаблӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ бо бахшҳои дигар дар заминаи нақшаи муштарак метавонад натиҷаҳои муайянро ба даст орад. Азбаски нақшаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, масъулияти амалисозии онро низ вазорат ба зимма гирифтааст, дар ин росто барои боз ҳам ба таври самаранок татбиқ намудани барномаи мазкур ҷалби шарикони дахлдор ба таври назаррас таъсиргузор хоҳад буд”.

Манбаъ ёдовар мешавад, ки марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар ҳамгироӣ бо барномаҳои дигари миллӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва аломати пайдошудаи норасоии масуният, муқовимат ба сироятҳои гепатитӣ, иммунопрофилактика, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим ва солимии репродуктивӣ амалӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *