“Шайтон бифурӯшаду мусалмон бихарад…” Иди Рамазону Қурбон манъ шавад?

Шоир Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, масъалаи муваққатан манъ ва рӯзи корӣ эълон кардани идҳои Рамазон ва Қурбонро дар кишвар ба миён гузоштааст.
Ато Мирхоҷа бо ишора ба дарк нашудани моҳияти идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки ин идҳо муваққатан манъ ва рӯзҳои корӣ эълон гарданд.

“Ба назарам, вақти он расидааст, ба Парлумон пешниҳод кунем, ки то донистани моҳияти идҳои Фитру Қурбон, ҳар ду дар Тоҷикистон муваққатан манъ ва рӯзҳояшон корӣ эълон карда шаванд”, — пешниҳод намудааст шоир дар сафҳаи фейсбукияш.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ин ду ид нархҳо якбора боло мераванд. Шоир Исмоил Зарифӣ низ мазмуни пешниҳоди Ато Мирхоҷаро ба ҳамёнпуркунии бархе аз афрод бо сӯиистифода аз ин идҳо рабт додааст.

“Ба он “мусулмонон”-е, ки ин идҳоро фақат дар пур кардани ҳамён медонанд ва лофи имон мезанананд, то омадани инсоф ягон ид зарурат надорад. Нархҳои имрӯзаи бозорҳои Душанбе ҳушро аз сар меканонанд”, — навиштааст Зарифӣ

Бисёре аз шореҳон бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод ҳикмати онро дар ин гуфтаанд, ки моҳияти ин идҳо дуруст дарк нашудааст. Гуруҳи дигар бо зикри он, ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд, ин пешниҳодро бемаврид хондаанд.

Инчунин шоир Озар Салим низ аз гароншавии нархҳо дар бозорҳо шикоят кардааст. Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш навишт, “иддае аз туҷҷор арзиши колоро чунон баланд бурдаанд, ки гӯӣ қимати донаи чормағзу лаъли Бадахшон як аст ва иддаи дигарро ки ночор даст ба хариди он задаанд, ба дурустии кори худ тардид асту шак”.
Ид омаду рафт мард, то нон бихарад,
Чизе пайи оростани хон бихарад.
Гуфтем, ба бозор чӣ дидӣ, гуфто:
Шайтон бифурӯшаду мусалмон бихарад.
Озар Салим
шоир
Спутник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *