Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидаанд.

Бино ба иттилои кумитаи мазкур, бинои сохташавандаи нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар буриши кӯчаи Шевченко ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардида, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони он дар масоҳати 0, 30 гектар замин ҷудо карда шудааст.

— Бинои мазкур аз таҳхонаю 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳо тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда ҳуҷраҳои корӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ҳуҷраҳои техникӣ, ду адад лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг, роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои дастшӯӣ, шароити зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҷойи муайян барои посбон сохта мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бино тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи шаҳрсозӣ дар сатҳу сифати баланд сохта шуда, солиёни зиёд барои фаъолияти кормандони ҳифзи муҳити зисти кишвра хизмат менамояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.