Омӯзгоре, ки таксирон шуд. Раъно Бобомуродова кист?

Раъно Бобомуродова аз рӯйи ихтисос омӯзгори фанни забони русӣ аст, вале феълан таксӣ меронад. Чаро ӯ касби муаллимиро тарк карда, рӯ ба мусофиркашонӣ овард? Сарнавишти ӯро мутолиа намоед…

Омӯзгор будан мушкил аст!

Раъно Бобомуродова риштаи омӯзгори забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Чанд муддат дар мактабҳои №12 ва №60-и пойтахт ба омӯзгорӣ машғул шуда, баъдан, тарки ин пеша менамояд. Ӯ мегӯяд, ки “имрӯз дар мактаб кор кардан бисёр мушкил аст. Кӯдакону хонандагони имрӯза бисёр шӯх ҳастанд, дарс намехонанд. Ба ҳамин хотир, тарки ин пеша кардам”.

Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки волидони имрӯза масъулиятшинос нестанд, ба тарбияи фарзанд машғул намешаванд: “Боре хонандаеро барои рафтори нодурусташ сарзаниш кардам. Баъдан падараш занг зада, маро “насиҳат” кард. Боз мегӯяд, ки “писари маро тарбия кунед”. Мебахшед, волидони азиз, кӯдак тарбияро аз оила мегирад. Мактаб ҳамон тарбияро такмил дода, таълим медиҳад. Омӯзгор пурра ба тарбия машғул шавад, таълимро кӣ медиҳад?”.

Раъно Бобомуродова сабабҳои асосии тарки пешаи омӯзгорӣ карданашро дар коҳиш ёфтани қадру қимати омӯзгорон, волидони бемасъулият, ки фарзадони худро пурра ба дӯши омӯзгору мактаб вогузор мекунанд ва дар шӯх будани хонандагони имрӯза медонад.

Баҳсе, ки Раъноро ронанда кард

Раъно Бобомуродова чӣ хел ба ронандагӣ рӯ оваданашро чунин қисса кард: “Агар маоши мард ба рӯзгори оила нарасад, зан ҳам кӯшиш мекунад, ки коре ёбад ва ба марди хона кумак кунад. 15 сол қабл бо шавҳарам баҳс кардем. Ҳамон баҳс боис шуд, ки ман рафта ҳуҷҷатҳоямро ба курси ронандагӣ супорам. Чанде баъд соҳиби мошин ҳам шудем”.

Қаҳрамони мо аз роҳбарони ширкатҳое, ки дар онҳо кор кардааст, ситоиш кард. Ба қавли ӯ роҳбарони ширкатҳо ҳар саҳар пеш аз ба кор баромаданашон ба онҳо муомилаи хуб доштан бо муштариён ва риоя намудани қоидаҳои роҳу бехатариро таъкид менамоянд.

“Як сол пеш дар “Фейсбук” эълони ширкати “Олуча-таксӣ”-ро дидам, ки занонро ба кор қабул мекунанд. Чун ду сол бекор будам ва оилаамро худам таъмин мекунам, барои ҳамин ба ширкат рафтам. Ман худам шавқ доштам ба ин кор. Онҳо маро ба кор қабул карданд. Мошини худам арзон буд. Онро фурӯхтаму аз ширкат як мошин гирифтам. Ҳашт моҳ кор кардаму бо сабабҳои оилавӣ мошинро ба дигар кас додам. Ҳоло бошад, дар ширкати “Як-таксӣ” кор мекунам ва мошинеро, ки бо он кор мекунам, бо дастгирии хешовандон харидам”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Муносибати нозирон ва мусофирон

Раъно Бобомуродова аз муомилаи хуби нозирони роҳ гуфт, вале дар давоми суҳбат тасдиқ кард, ки ҳастанд нафароне, ки мегӯянд таксиронӣ кори зан нест: “Баъзеҳо ба мошин мешинанду мегӯянд, ки “зан чиву таксиронияш чӣ. Ин кори занона нест”. Онҳо зиндагии маро намедонанд. Аз куҷо донанд, ки ман худам бори зиндагиро пеш мебарам. Аз ҷое даромад набошад. Онҳо аз ҳаёти оилавии ман огоҳ нестанд, чизе хоҳанд, мегӯянд ва аз роҳ мезананд. Лекин фахр мекунам, ки дар кишвари мо ҳастанд заноне, ки кори мардонаро интихоб карда, баробари мардон кор мекунанд”.

Аз тарбияи шӯравӣ то насли замони нав

Раъно Бобомуродова аз замони шӯравӣ ёд карда, мегӯяд, ки “мо тарбиятдидаи замони шӯравӣ ҳастем. Мо кӯдак будем, ҳама якҷо ҷамъ шуда, бозӣ мекардем. Як рӯз дар хонаи мо, рӯзи дигар дар хонаи дигаре ҷамъ шуда, дарс тайёр мекардему китоб мехондем. Ҳоло чӣ? Ҳама дар даст телефон. Ҳатто роҳро нигоҳ намекунанд. Баъзеяшон ба мошин мешинанд, ҳатто салом намедиҳанд. Ман худам салом медиҳам. Баъзе калонсолон низ чунин шудаанд, хушашон нест, ки салом диҳанд”.

Ӯ нигарон аст, ки мардуми мо аз фарҳанги шарқиёна дур шудаанд, китоб намехонанд.

Қаҳрамони мо ба синни 50 қадам мемонад. Шавҳар ва писари ягонаашон вафот кардаанду ҳоло бо духтару наберааш якҷоя зиндагӣ мекунанд. Ӯ писаронро ба эҳтироми падару модар даъват карда, хоҳони он аст, ки насли имрӯзаи мо хонда босавод шаванд ва бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунанд. 

Идибеки САИД, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *