Падар духтар ва ошиқашро кушт

Дар вилояти Бодғиси Афғонистон як мард духтари 14-солаашро, ки аз хона фирор карда буд, ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш куштааст. Баъди ин «куштори номусӣ” ин мард фирор карда, ба ҷунбиши Толибон пайвастааст.

Хабаргузории «Тулӯъ”-и Афғонистон  гузориш дод, ки як мард дар вилояти Бодғис баъди бо як ҷавони 18-сола аз хона фирор кардани духтари 14-солааш онҳоро пайдо карда, ҳардуро куштааст.

Зоҳир Баҳанд, сухангӯи волии Бодғис гуфтааст, ки ин духтар рӯзи 23 июн аз манзилашон дар маҳаллаи Кондалони шаҳри Қалъаи нав, маркази вилоят фирор карда буд, вале падари духтар ӯву ҷавони дӯстдоштаашро пайдо карда, аз силоҳи оташфишон ҳардуро паррондааст.

Баҳанд гуфт, баъди анҷоми ин «куштори номусӣ” ин мард фирор карда, бино ба маълумоти расида, ба ҷунбиши Толибон пайвастааст.

Қатлҳои номусӣ дар Афғонистон ва сарзаминҳои қабиланишини Покистон зиёд рух медиҳанд.

Чанд рӯз пеш гузориш шуда буд, ки дар минтақаи қабиланишини Хайбари Покистон аъзои як хонавода духтари 12-солаи худро баъди талоши фирор аз хона бо як ҷавони ҳамдеҳааш ба қатл расондаанд.

Ниёз Муҳаммад, ёвари раҳбари сиёсии ноҳияи Ландӣ Кутал гуфт, ин духтар рӯзи 23-юми июн фирор кард, аммо мақомоти амнияти маҳаллӣ ӯро боздошт карда, дар ивази кафолати ҷонаш ба хонаводаи ӯ таслим кардаанд. Аммо аъзои хонавода бар хилофи ваъда бар асоси анъанаи дифоъ аз номуси авлод ин духтарро рӯзи 27-уми июн ба қатл расондаанд. Ниёз Муҳаммад гуфт, ки дар робита ба ин куштор амаки ин духтари ноболиғ ва як нафари дигар боздошт шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *