Парчам ва оини парчамдориву парчамбардорӣ

Парчам ва оини парчамдориву парчамбардорӣ таърихи куҳан дошта, ғурури миллӣ ва рукни асосию нишонаи давлатдории халқҳои ҷаҳонро ифода менамояд.

Ниёгони барӯманди тоҷик ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби Дирафше буданд, ки мавҷудияти давлаташонро ифода мекард, яъне аввалин Парчами қадимаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик Дирафши Ковиён ном дошт ва ифодагари рамзи ваҳдату ягонагии давлатдории Ориёӣ буд. Дирафши Ковиён дар даврони давлатдории Сосониён бо тағйири шакл, ки дар қисми болоии он парандаи заррин — мурғи ҳумой бо сангҳои қимматбаҳо ороёфта ҷой дода шуда буд, мавриди истифода буд. Аз мутолиаи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ низ мушоҳида мешавад, ки оини парчамдории ниёгони соҳибтамаддуни тоҷик таърихи қадима дорад.

Дар замони муосир парчамдорӣ нишонаи соҳибихтиёриву мустақилии миллату давалатро ифода менамояд. Имрӯз халқи тоҷик Парчами давлатии хешро ба унвони яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ қабул карда, дар зери ҳамин Парчам дар арсаи олам шинохта шудааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми аркони давлатдории миллӣ ва ормонҳои халқи номвари тоҷикро ифода менамояд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат аҳамияти хоса дошта, бо асосҳои ҳуқуқӣ танзиму ҳифз карда мешавад. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяну муқаррар шуда, бо асосҳои қонунгузорӣ танзиму таҳким ва ҳифз карда мешавад.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки имрӯз Парчами миллии мо дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Носирӣ Қаҳҳор НАРЗУЛЛО,

сардори Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, н.и.т., дотсент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *