КМИ Ӯзбекистон: Мирзиёев ҳанӯз баранда нест!

Натоиҷи ибтидоии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон соати 16:00 ба вақти Тошканд эълон мешавад

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи пирӯзии президенти феълии кишвар Шавкат Мирзиёев дар интихоботро рад кард.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои қалбакӣ паҳн гардиданд, ки Мирзиёев тибқи натоиҷи муқаддамотӣ 90 дарсади овозҳоро ба даст оварда, дубора ба даври дуюм интихоб шудааст.

Дар ин бора бархе аз расонаҳо низ хабар доданд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии Euronews.

«Иттилоот дар бораи маълум шудани натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон паҳн мешаванд, вале ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки ин омор аз ҳақиқат дур аст», — изҳор доштааст Ҷалолиддин Усмонов, сухангӯи КМИ.

Вай ёдовар шуд, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро раиси КМИ Зайниддин Низомхоҷаев рӯзи душанбе соати 16.00 ба вақти Тошканд эълон хоҳад кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.