Президенти Тоҷикистон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев пуштибонӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев барои таъмини субот дар Қароқалпоқистон пуштибонӣ кард.

Дар ин бора баъд аз суҳбати телефонии раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон маълум шуд.

Илова бар ин, президентҳо тавофуқоти қаблан дар мулоқот дар Тошканд, таҳкими равобит ва пешбурди тарҳҳои судманд дар бахшҳои муҳимро баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба роҳандозии иртиботи роҳи оҳани мусофирбарӣ байни пойтахтҳо ва оғози кор дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Ёвон ишора кардаанд.

Қаблан сарони Қирғизистону Қазоқистон Садир Жапаров ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба раҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо суханони дастгирӣ муроҷиат карда буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.