Президенти Тоҷикистон ба Остона меравад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар хоҳад кард. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Сарвари давлат дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

— Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи панҷшанбе озими шаҳри Остона шуда, дар он ҷо ҳамагӣ як рӯз мемонад,- хабар додааст роҳбари хадамоти матбуоти Президент.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Аъзамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Чарлз Мишел низ ширкат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *