Рӯзи Нур. Ё “Дидор”-и шоҳзода Карим Оғохони IV

Рӯзи 24-уми май дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳар сол ҳамчун “Рӯзи Нур” бошукуҳ ҷашн гирифта мешуд. Аммо имсол, ба далели нооромиҳо дар ин минтақаи кишвар, таҷлили он камранг ба назар расид. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Фейсбук” таҳниятгӯӣ ва ҳамду санохонӣ бахшида ба ин ҷашн фарогир буд.

Бояд гуфт, ки шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд дошт, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун «Рӯзи Нур» ё «Дидор»  таҷлил мекунанд. Дар ҷашни “Дидор” маъмулан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.

Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон — Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони IV ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок доштанд.

Баъдан, шоҳзода Карим Оғохони IV чандин бор ба Тоҷикистон омад ва бо пайравонаш мулоқотҳо кардаву ҳамвора онҳоро ба гиромидошту дӯст доштани Ватани азизашон даъват менамуд.

Имсол низ, замоне, ки авзоъ дар Бадахшон муташанниҷ шуд, шоҳзода Карим Оғохони IV барои ором кардани пайравонаш сайъ намуд. Ӯ гуфт, ки аз такрори нооромиҳо дар ВМКБ «сахт нигарон аст» ва рӯзи 18-уми май дар паёме аз пайравонаш дар вилоят хост, ки «ихтилофҳоро бо муколама ва дар руҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд». Бино ба иттилои “Озодӣ”, матни паёмро 19-уми май дар ҷамоатхонаи исмоилиён дар Тоҷикистон хондаанд.

Пешвои исмоилиён дар паёмаш гуфтааст: “Ба унвони Имоми Замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд, қонунҳои кишварро риоя кунанд, ҳамагуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонанд ба некӯаҳволии онҳо таҳдид кунанд, рад намоянд”.

Шоҳзода Карим Оғохон дар идома аз пайравонаш хостааст, ки “вориди хушунат нашаванд”. «Ниҳоят муҳим аст, ки фарзандони руҳониям ҳамеша суннати ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд… ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд”,- гуфтааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мавҷи нооромӣ 17 ва 18-уми май ба ноҳияи Рӯшон “кӯчид”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар онҷо “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад, чун “гуруҳи 200-нафарӣ бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастаанд”.

Бояд гуфт, ки изҳори назар кардани шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар давраи ҳассос ва даъват намудани пайравонаш ба оромӣ аҳамияти рӯзмарра дошт. Зеро, ӯ як нафари таъсиргузор, дар баробари ин, донишманду оқил ва ҷаҳондида асту зарфиятҳои шаҳрванди содиқи як кишвари озода буданро ба хубӣ дарк мекунад.

Ин гуфтаҳо танҳо назариявӣ нестанд. Масалан, ӯ соли 2020 дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар раддабандӣ барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифта буд. Оқохони IV, ки теъдоди пайравонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид. Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намуда буданд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад. Инчунин, аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шуда буд, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирифт.

Ба таъбири дигар, шоҳзода Карим Оқохон асилзода аст. Ӯ 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Ҳамакнун, дар саросари ҷаҳон камубеш 20 миллион нафар аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ мекунанд.

Боварии комил ин аст, ки то вақте шоҳзода Карим Оқохони дурандешу хирадманд маслиҳатгари пайравонаш мемонад, оммаи исмоилимазҳаб, аз ҷумла мардуми барӯманди Бадахшонзамин ба ҳеҷ гуна моҷарову тавтеа роҳ нахоҳанд дод ва аз пайи афроди ҷиноятпеша гом наниҳодаву чун аъзои як узв барои пешрафти Тоҷикистон кӯшиш хоҳанд кард.

Самандар АЛИЕВ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.