Рӯзи пойтахт ботантана ҷашн гирифта шуд

Имрӯз, 21 апрел, фазои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе қабои идона ба бар дорад, зеро дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, сокинони Душанбе Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Ин сана ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад.

Рассонаҳо иттилоъ медиҳаннд, ки аз субҳ инҷониб сокинони меҳмонони Душанбе дар ин рӯзи офтобӣ ба сайругашти идона баромадаанд. Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи пойтахт бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт базмҳои пуршукӯҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардида, ҳамзамон маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти пойтахт, ба намоиш гузошта шудаанд.

Инчунин имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқоти варзишӣ — Ниммарафони байналмилалӣ доир гардид. Ҳамзамон дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе баргузории мусобиқаи пойгаи кушоди аспдавонӣ дар назар аст.
Ҳамчунин шоми имрӯз дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр) маросими ботантанаи таҷлили Рӯзи пойтахт ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе ва сокинону меҳмонони он баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *