Раиси ноҳияи Айнӣ ба деҳқонони Яғноб изҳори миннатдорӣ кард
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз заминҳои корами водии Яғноб ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ дидан намудааст.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, маълум гардидааст, ки ҳар як оила дар водӣ бо истифода аз мавсим заминҳои корамро оқилонаю самаранок истифода карда, барои зимистон маҳсулоти озуқавории худ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, лаблабу ва ҳама намуди маҳсулоти полезии ба иқлим мутобиқро захира мекунанд. Ҳамчунин, мардум аз гармхонаҳо истифода карда, баҳри беҳдошти парвариши маҳсулоти полезӣ ва барои консервакунонии он оқилонаю самаранок истифода мекунанд.
Раиси ноҳия зимни боздид аз раванди рушди зироатҳои полезӣ аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии водии Яғноб изҳори қаноатмандӣ намуда, ба деҳқонон барои истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Асосан, дараи Яғноб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ҷойгир гашта, яке аз минтақаҳои нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дара (водӣ)-и Яғноб, ки дар болооби дарёи Зарафшон воқеъ аст, ватани аслии соҳибони забони яғнобӣ аст. Бархе аз муҳаққиқон онро ба маънии «дараи яхин» ва бархеи дигар «дараи васеъ» тафсир кардаанд. Масоҳати умумии водии Яғноби ноҳияи Айнӣ 83 ҳазор гектарро дар бар гирифта, дар деҳоти он 84 хоҷагӣ ва дар умум айни замон 449 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Шуғли мардум асосан чорводорӣ ва зироатпарварӣ мебошад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, аҳолии дара зиёда аз 20 ҳазор сар моли майда ва беш аз 220 сар чорвои калони шохдор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ