ронанда

Конибодом: Ронанда бо шаҳодатномаи қалбакӣ дастгир шуд (аудио)

Кормандони шуъбаи БДА дар Конибодом мардеро ба далели истифодаи шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ дастгир намудаанд. Аз ӯ Анвар Абдуллоев ном бурда мешавад.

Ин хабар дар сомонаи ВКД нашр шуд. Зикр мегардад, ки соли 2021 Анвар Абдуллоев бо сабаби дар ҳолати мастӣ рондани мошин 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда буд.

Анвар Абдуллоев 25 сол дошта, сокини деҳоти Патари Конибодом будааст. Ба иттилои ин ниҳод, ӯ ин шаҳодатномаи қалбакиро аз Федератсияи Русия ба маблағи 5 ҳазор рубл ба даст оварда, мехост онро дар Тоҷикистон низ истифода барад.

Ҳоло нисбати ӯ бо модаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз намудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.