Рустами Эмомалӣ ва Маулен Ашимбаев дар кадом мавзуъ суҳбат доштанд?

Чанд лаҳза пеш мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистону Қазоқистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии ҶТ Рустами Эмомалӣ бо раиси сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба анҷом расид.

Ҳайатҳо иборат аз 5+1, яъне раис ва 5 нафар роҳбарони кумитаҳо буданд.

Тавре як манбаъ ба Pressa.tj хабар дод, гуфтушунид бо имзои чанд санади барои тарафҳо муҳим анҷом пазируфт.

Ин аввалин ҷаласаи байнипарлумонӣ миёни ду кишвар буд. Дар ин нишаст қабл аз ҳама харитаи самтҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид. Имзои шартномаҳо дар соҳаи иқтисод, инвеститсия, таъсиси корхонаҳои муштарак, логистика, интиқоли ғалладона як ҷузъи муҳими ин ҷаласаи ҳайатҳо буд.

Ҳамчунин, як қатор асноди таҳкусисоз дар риштаи ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ ба имзо расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *