Сабоҳат Нурова

Сабоҳат Нурова: Келин ҳам фарзанди хушдоман аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи “Оила” — муаллимаи фанни «Маърифати оиладорӣ»-и МТМУ рақами 92-и ноҳияи Сино Нурова Сабоҳат дар бораи муносибати хушдоман бо келину домод ибрози назар кардааст.

— Инсон хоҳ хурдсол бошад, хоҳ калонсол, шахсияти худаш барояш арзишманд аст. Ў мехоҳад ҳамвора мавриди эҳтироми дигарон қарор гирад. Шахсияти инсон дар муҳити хона, мактаб ва ҷамъият нигоҳ дошта мешавад. Ин ҳифзи шахсият дар тамоми афроди ҷомеа мушоҳида мешавад. Шахсиятталабӣ ҷузви зотии ҳар инсонест ва ҳама ба он пойбанд ҳастанд. Ана ҳамин қонунҳои нонавиштаи ҳаётро бояд ҳар кадоми мо риоя намоем. Вақте келин ба хонадони мо қадам мемонад, фаромўш набояд кард, ки ў ба хотири фарзанди мо омадааст ва ўро бояд баробари фарзандони хеш эҳтиром кунем, дўст дорем. Домод низ…

Чун хушдоманҳо таҷрибаи зиндагӣ доранд, бояд барои ба хонаводаи нав гарм шудани дили келину домод кӯшиш ба харҷ диҳанд. Духтардорон пеш аз он ки духтарашонро ба хонаи бахташ гусел мекунанд, дар қатори ҷиҳози арзанда ба гўши фарзанди худ ҳалқа кунанд, ки ту бояд созандаи зиндагии худат бошӣ! Хушбахтии ҳар кас аз худаш вобаста аст. Албатта, ба хонадони нав одат кардан каме мушкилӣ дорад ва духтари худро ба сабру таҳаммул хондан лозим аст. Ба хотири як эроди хушдоман набояд бо ў ба ҷанг бархезем. Баъзан арўсон як монеи кўчаки зиндагии худро пеши волидонашон фоҷиаи бузург нишон медиҳанд ва сар мешавад хафагӣ. Агар калонсолон бо насиҳату ҳарфҳои хуб фарзандонро дар зиндагӣ роҳбалад нагарданд, албатта оила вайрон мешавад.

Боиси хурсандист, ки чанд сол боз фанни «Маърифати оиладорӣ» боз дар барномаи таълимӣ ворид карда шуд ва мо ба насли наврас то метавонем нозукиҳои ҳаёти оиладориро меомўзем. Мебинам, ки бачаҳо ба ин фан шавқ доранд, саволҳо медиҳанд, баҳсҳо меороянд, ин хеле хуб аст, вале сарчашмаи хушбахтиҳо ва рост рафтан дар шоҳроҳи ҳаёти мустақил аз оила сарчашма мегирад. Волидайн, хоса модарон бояд аввал фарзандони худро ба оиладорӣ тайёр намуда, баъд хонадор кунанд.

Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки бояд духтар ба ҳаёти оилавӣ тайёр бошад, дар бори ҷавонписарон кам гап мезананд. Аммо ҷавонписарон ҳам бояд аввал касбу ҳунаре омўхта, соҳиби ҷойи кор шуда, баъд хонадор шаванд, зеро таъмин намудани оилаи онҳо кори падару модар нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *