Саъдӣ ҚОДИРЗОДА, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Зиндагинома. Қодирзода Саъдӣ Сангимурод 4-уми майи соли 1978 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ. Солҳои 2000 — 12.2000 — Мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи асъори Бонки тиҷоратии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2000-2001 — Сармутахассиси шуъбаи дурнамои раёсати дурнамо ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2002 — Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва ахбороти ҷамъбастии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2002-2003 — Сармутахассиси раёсати инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003-2004 — Сармутахассиси шуъбаи Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2004-2005 — Сардори шуъбаи таҳияи Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки техникии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2007 — Сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 — Роҳбари лоиҳаи ҶСК «Сомон Капитал».

Солҳои 2009-2010 — Сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2013 — Сардори сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2013 — 05.2013 — Муовини роҳбари Дирексияи ҷамбасти таҳлилӣ ва муносибатҳои байналхалқии ҶСК “ «Агроинвестбонк».

Солҳои 05.2013 — 2014 — роҳбари мудирияти кор бо кормандони ҶСК «Агроинвестбонк».

Солҳои 2014 — 2015 — Сардори сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки берунаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2019 — Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2019-2020 — Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз декабри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2020, №106 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.