Саъдӣ ҚОДИРЗОДА, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ
Зиндагинома. Қодирзода Саъдӣ Сангимурод 4-уми майи соли 1978 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ. Солҳои 2000 – 12.2000 – Мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи асъори Бонки тиҷоратии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2000-2001 – Сармутахассиси шуъбаи дурнамои раёсати дурнамо ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2001-2002 – Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва ахбороти ҷамъбастии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2002-2003 – Сармутахассиси раёсати инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2003-2004 – Сармутахассиси шуъбаи Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2004-2005 – Сардори шуъбаи таҳияи Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки техникии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2005-2007 – Сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2007-2009 – Роҳбари лоиҳаи ҶСК «Сомон Капитал».
Солҳои 2009-2010 – Сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2010-2013 – Сардори сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2013 – 05.2013 – Муовини роҳбари Дирексияи ҷамбасти таҳлилӣ ва муносибатҳои байналхалқии ҶСК “ «Агроинвестбонк».
Солҳои 05.2013 – 2014 – роҳбари мудирияти кор бо кормандони ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2014 – 2015 – Сардори сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки берунаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2015-2019 – Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2019-2020 – Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз декабри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2020, №106 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ