Шаҳрвандон ба хизматрасонии тиббии ройгон фаро гирифта шуданд
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола ба санаи 7-уми апрел рост меояд, чун дигар мамолики олам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Сайёраи мо – солимии мо” машварату муоинаи беморон дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар чорабинии мазкур муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии кишвар, шарикони рушд ва мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намудаанд.
– Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар шаҳру вилоятҳои мамлакат низ роҳандозӣ гардид, ҳазорон шаҳрванди ҷумҳурӣ аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар ташхиси ултрасадо, рентген, озмоишгоҳу лабораторияҳои сайёр ҷиҳати муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо роҳандозӣ гардид,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ