Шуъбаи Раёсати КДАМ-и Суғд дар Истаравшан ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 10-уми август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Корҳои бунёдӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, дар муддати муайян бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат мебошад.

Ҳамчунин, барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст.

Инчунин, бинои наву замонавӣ дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *