фолбин

Сокини Шаҳритус ҳангоми фолбинӣ ба даст афтод

Як нафар сокини ноҳияи Шаҳритус ба далели сеҳру фолбинӣ дастгир гардид.

Фаъолияти ғайриқонунии Одинаева Ибодатро кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми машғул будан ба фолбинӣ ошкор намудаанд.

Тибқи иттилои вазорат, “зимни пурсиш муайян гардид, ки дар асл номбурда ягон дониши динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст”.

Нисбати ин зан мутобиқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *