Супориши раиси вилоят ба раиси ноҳия: Корҳоро тақвият диҳед!
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти гуногун дар вилояти Суғд идома дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ҷамоати деҳотӣ Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардидааст.
Раиси вилоят барои тақвиятбахшии корҳои сохтмонӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва чароғонкунии ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳбари ноҳия супориш додааст.
Шарҳ