Тағироти кадрӣ дар ВКД. Ном ба ном
Имрӯз, 22 апрел дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Сарвари давлат, бо қарори Ҳукумати кишвар, Илҳомиддин Вализода, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуд.
Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод аз вазифаи сардори БДА барканор шуда, ба ҷойи ӯ полковники милитсия Абдураҳмонзода Миралӣ таъин шуд.
Дар идомаи тағйироти кадрӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ҳам нав шуд. Ба ҷойи полковники милитсия Баротзода Тоҳир, генерал-майори милитсия Назарзода Бахтиёр сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД таъин гардид.
Баротзода Тоҳир бошад, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД таъин шудааст. То ин замон дар ин мансаб Бухоризода Мансур буд.
Генерал -майори хизмати дохилӣ Умарзода Бахтиёр аз вазифаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД озод ва ба ҷойи ӯ полковники милитсия Мирзозода Рустам таъин гардид.
Ҳамчунин, полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар ба ҷои Шарифзода Темур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД таъин шуд.
Генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб ба ҷойи Азиззода Абдуғафор сардори нави Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии ВКД ва полковники милитсия Содиқзода Камолҷон ба ҷойи Назризода Шаҳриёр сардори Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и ВКД таъин шудаанд. Абдуғафор Азиззода бошад, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор таъин шуд.
Ҳамчунин, нафарони зерин сардори нави шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таъин шудаанд:
– полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим Абдусалом, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара;
– полковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон;
– полковники милитсия Давлатёрзода Орзуҷон Сайҷафар, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон;
– подполковники милитсия Сабурзода Меҳроҷиддин Мирзодавлат, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус;
– подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвалӣ Турахон, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент;
– генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода;
– майори милитсия Ғоибзода Исроил Ҷурахон, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ванҷ;
– полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ;
– полковники милитсия Содиқзода Ҳотамшоҳ Ҷаббор, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен;
– полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад, сардори шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ;
– подполковники милитсия Шарифзода Фирдавс Ҳасан, сардори шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур;
– полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат;
– полковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ;
– полковники милитсия Абдуллозода Асомуддин, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом;
– подполковники милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Муминобод;
– майори милитсия Раҳимзода Мирзоватан Мирзораҳим, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон;
– генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон;
– подполковники милитсия Назарзода Хуршед Толибҷон, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Левакант;
– генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмасаид Борон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон;
-генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД;
-генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ, муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ