Тағйироти демографӣ бӯҳрон нест, ин як имконият аст

Аврупо дар гузариши демографӣ қарор дорад. Мардуми Аврупо  камтар фарзанд таваллуд мекунанд. Бисёриҳо дар ҷустуҷӯи имкониятҳои беҳтар ба  шаҳрҳои дигар ҳаракат мекунанд.

Дар натиҷа, аҳолии Аврупо босуръат пир мешавад. Аллакай имрӯз аз чаҳор як шаҳрванди Аврупо аз 60-сола ва калонтар аст. То соли 2050 зиёда аз сеяки аҳолии қитъа дар ин гурӯҳи синну сол хоҳад буд.

Коҳишёбии шумораи аҳолӣ  бештар дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ба назар мерасад, ки дар онҷо сатҳи таваллуд  хело паст аст, бисёр одамон аз кишварҳои худ барои кор ба дигар давлатҳо сафар мекунанд, ки ин чиз низ сабаб шуда метавонад.

Ин тағйироти демографӣ аксар вақт ҳамчун бӯҳрон тасвир карда мешаванд. Аммо омилҳои зиёде аст, ки ин тағиротҳоро ба вуҷуд меоранд. Аҳолӣ пир мешавад, зеро одамон солимтаранд ва умри дарозтар доранд. Сатҳи таваллуд пасттар аст, зеро занон интихоби бештар ва имконоти бештар дар таҳсил ва кор  доранд. Ва шумораи аҳолӣ дар баъзе ҷойҳо коҳиш меёбад, зеро одамон дар интихоби ҷое, ки зиндагӣ ва кор кардан мехоҳанд, озодии бештар доранд.

Бо вуҷуди ин, мубориза бо оқибатҳои тағирёбии демографӣ осон нест. Системаҳои иҷтимоӣ зери фишори шадид қарор мегиранд. Ва нигоҳдории инфрасохтор ва хидматрасонӣ дар минтақаҳои камаҳолии деҳот душвор аст.

Таваҷҷуҳи бештаре, бахусус дар Аврупои Шарқӣ, ба боло бурдани сатҳи таваллуд буд ва ҳукуматҳо саъй кардаанд, ки ба  мардум имкониятҳои  молӣ диҳанд, то онҳоро барои таваллуди бештари фарзанд ҳавасманд созанд. Далелҳое, ки мо дорем, нишон медиҳанд, ки ин кор чандон натиҷаи  хуб надод: сатҳи таваллуд метавонад муваққатан боло равад, аммо ба таври умум, шумораи кӯдакон ҳамоно қам боқӣ мемонад.  

Он чизе, ки бештару хубтар  дар ҳалли тағйироти демографӣ саҳм гузошта метавонад ин якҷоя кардани амалҳо мебошад, ки бо далелҳо асос ёфтаанд. Инчунин,  омилҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро баррасӣ мекунанд, ки ба қарорҳо ва интихоби одамон дар бораи ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд.

Имрӯз, дар якҷоягӣ  бо Ҳукумати Булғористон, Хазинаи Нуфуси СММ, ҳукуматҳо ва мутахассисонро аз саросари Аврупоро дар конфронси сатҳи баланд дар София, Булғористон, 1-2 декабри соли 2021 барои муҳокимаи ҳалли инноватсионӣ ва оғози даҳсолаи устувории демографӣ ҷамъ овардааст.

Мо умедворем, ки ин конфронс як марҳилаи ҷадид дар ташаккули ояндаи демографии Аврупо  ва дарёфти роҳҳои пешрафт барои кишварҳо дар ҷаҳони тағирёбанда хоҳад буд.

Вақти он расидааст, ки ба тағйироти демографӣ ҳамчун як имконияти нав  барои амал  назар кунем.

Аланна Армитаж, Директори Дафтари минтақавии UNFPA барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.