Тақдими китоби Президенти Тоҷикистон ба Вираҷ Сингх

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз шароити таҳсили донишҷӯён дар бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки 27-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои ДДЗТ, нахуст сафир ва ҳайати меҳмонон бо роҳбаладии роҳбарияти донишкада аз толори маркази корномаи Пешвои миллат боздид намудаанд.

Баъдан, аз ҷониби ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои маъруфи ҷаҳон — русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидааст, ба сафир тақдим карда шудааст.

— Вираҷ Сингх аз шароити муосири таълим дар Донишкада ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва донишҳои муосир барои ҷавонон изҳори хушнудӣ карда, ба тарҳи замонавии бино баҳои баланд дод,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.