Тақдими нақлиёти сайёр барои мубориза бо бемории ВНМО

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз тақдими як адад нақлиёти сайёр ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО хабар дод.

— Дар доираи Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ мешавад, 12-уми декабри соли равон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти сайёр тақдим карда шуд, ки дар маросими супоридани он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО иштирок намуданд,- меафзояд манбаъ.

Таври зикр мегардад, Федератсияи Россия яке аз кишварҳое мебошад, ки дар самти мубориза бар зидди бемории ВНМО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Дар ин самт Барномаи кумаки техникии Федератсияи Россия ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи мубориза бо ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Марҳилаи чоруми ин барнома соли ҷорӣ оғоз шуда, мутахассисони кишвар дар иҷрои амалишавии он фаъолона иштирок мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.