Тақвими рӯз: Аз таъсиси пойгоҳи низомии 201-уми Русия то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо камбизоатӣ

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Нина ЧУРКИНА (1912-1989), 110-солагии зодрӯзи олими соҳаи геология.

Ғулом ҶАББОРОВ (1917-1998), 105-солагии зодрӯзи олими соҳаи

педагогика.

Имрӯзи таърих:

65-солагии таъсисёбӣ ва ба истифода дода шудани (1957) НОБ-и

Қайроққум.

Соли 2004 — маросими ифтитоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2019 — паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон шуд.

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бо камбизоатӣ аст, ки таърихи он бо санаи 17-уми октябри соли 1987 зич алоқаманд аст. Дар он рӯз беш аз сад ҳазор нафар дар майдони Дю Трокадеро дар Париж, ки соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба имзо расида буд, ҷамъ омада, хотираи қурбониёни фақру хушунат ва гуруснагии шадидро гиромӣ доштанд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки камбизоатӣ поймолкунии ҳуқуқи инсон аст ва бори дигар таъкид карданд, ки барои ноил шудан ба ин ҳуқуқҳо якҷоя кор кунем. Дар санги ёдгорӣ, ки он рӯз кушода шуд, изҳороти дахлдор навишта шудааст. Ва ҳадаф аз ин рӯз баланд бардоштани огаҳӣ дар бораи зарурати мубориза барои рафъи камбизоатӣ ва фақр дар тамоми кишварҳост.

— Имрӯз, ҳамзамон, Рӯзи ҷаҳонии осебдидагон аст. Чорабиниҳои солона соли 2011 дар Деҳлии Нав оғоз ёфтанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷароҳатҳо яке аз сабабҳои асосии марг ва маъюбӣ дар саросари ҷаҳон мебошанд.

— 17-уми октябри соли 1961 Қасри давлатии Кремл кушода шуд. Ин бино ҳамчун минбари рӯйдодҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ тарҳрезӣ шудааст. Имрӯз дар Қасри мазкур дар баробари форумҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, ҳамчунин консертҳо ва намоишҳои театрӣ низ истифода мешавад. Он унвони «саҳнаи асосии мамлакат»-ро устуворона таъмин кард ва барои ҳар як санъаткор баромад кардан дар ин саҳна шакли олии эътирофи тамошобинон мегардад.

P.S: Дар оғози ҳафта ба шумо бурдбориву комёбиҳоро таманно менамоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *