Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Наҷмуддини Шоҳинбод то Рӯзи ҷаҳонии салом

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Наҷмуддини ШОҲИНБОД (1952), 70-солагии зодрӯзи адиб.

Галина СЕЛЕЗНЁВА (1932), 90-солагии зодрӯзи актрисаи театр ва кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Авнер АМИНОВ (1927-1984), 95-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогика.

Аз таърихи ҷаҳон:

— Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии телевизион аст. Рӯзи ҷаҳонии телевизион соли 1996 аз ҷониби СММ таъсис шуда, телевизионро ҳамчун воситаи муҳими таъсиррасонӣ — ориентатсия, роҳнамоӣ ва мониторинги афкори ҷомеа эътироф кардааст.

— 238 сол пеш нахустин парвози инсон дар як баллони ҳавоӣ сурат гирифт. Ду фаронсавии диловар — Пилатр де Розе ва Маркиз д’Арланд бори аввал дар таърих дар пуфаки ҳавоии бародарон Монголфе парвоз карданд.

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии салом таҷлил мешавад. Ин ҷашнро соли 1973 ду бародари амрикоӣ Майкл ва Брайан Маккомак дар авҷи ҷанги сард ихтироъ кардаанд. «Ба мо як амали оддӣ, вале самарабахш лозим аст»,- қарор доданд бародарон ва ба тамоми гӯшаю канорҳои ҷаҳон мактубҳои саломи гарму ҷӯшон фиристоданд. Ин идея дар зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Аз ин рӯ, иди имрӯза боз як рӯзи фараҳбахшест барои табрики дӯстона, ҳиссиёти фараҳбахш ва табъи болида.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.