тиб

Табибони халқиро кӣ назорат мекунад?

Бахтиёр Шоев, “табибе”, ки худро “дӯсти худо” эълон кард, маълумоти тиббӣ надорад ва Донишкадаи соҳибкориро хатм кардаасту солҳо ба табобати мардум машғул буд. Қиссаи мулоқоту дидори ӯ бо Ҳазрати Хизр ва Худованд мавзуи дигар аст, ин ҷо масъалаи муҳимтаре дар миён ҳаст.

Имрӯз чунин табибҳои халқӣ дар ҳама ҷо пур шудаанд. Зиëди онҳо бо маҳс ва дигар корҳои табобатӣ машғул мешаванд, ки хатарнок аст. Масалан як табиби халқӣ дарди миëн, дарди сар, фишорбаландӣ, қанд ва ғайраҳоро табобат мекунад. Бечора духтур шаш сол мехонад, боз тахассус мегирад, вақте кор омад, фақат ба соҳаи худ машғул мешавад. Аммо ин табибони халқӣ тамоми бемориҳоро “табобат” мекунанд.

Чунин табибони халқиро кӣ назорат мекунад? Фаъолияти онҳоро кадом ниҳод ба танзим медарорад?

Н. БОБОЕВ, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *