Тафсилоти сӯхтори Қубодиён: 6 захмӣ рухсат шуда, 8 нафар таҳти назорати табибонанд

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ, ки дирӯз дар ноҳияи мазкур ба вуқуъ пайваст, шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ, ки дирӯз дар ноҳияи Қубодиён ​ба амал омад, 14 нафар захмӣ​ гардида, дар Беморхонаи марказӣ ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бистарӣ гардида буданд. ​Аз ин шумора, бо назардошти он, ки вазъи саломатияшон муътадил буд, то кунун 6 нафар ба хона русхат дода шуда, 8 нафари боқимонда айни ҳол таҳти назорати табибон қарор доранд.

​- Маврид ба зикр аст, ки ҷараёни табобати захмиён таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои муолиҷаи онҳо ​ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст,- мегӯяд маркази матбуоти Вазорати тандурустии кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ​ Ғафур Муҳсинзода аснои шиносоӣ бо рафти табобати захмиён ҳамзамон бо наздикону пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.